Торнигори «Суман» боз гардид
Душанбе, 27 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи «Суман», ки дар соҳаи дӯзандагии Тоҷикистон бо истифода аз омезиши услубҳои замонавию қадимаи миллӣ дар тавлиди маҳсулот маъруф аст, торнигори расмии худро бо нишонии www.soozani.wordpress.com. боз кард. Хонаи интернетии лоиҳа бо истифода аз пояи ироакунандаи маъруфи хадамоти торнигорӣ – Вордпресс сохта шудааст,- мегӯяд Абдулфаттоҳ Шафиев, мушовири миллӣ дар масоили тамос бо ҷомеаи Барномаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон». ҶСШК «Суман» дар соли 1992 дар заминаи як корхонаи дӯзандагии шӯравӣ таъсис шуда, алҳол дар он 70 нафар чевар фаъолият доранд, ки теъдоди бештари онҳоро бонувон ташкил медиҳанд. Маҳсулоти корхона бо истифодаи моҳирона аз рангҳои гуногун, печидагии ҳайратбори зардӯзӣ ва зебоии ҳунари тоҷикӣ шӯҳратёр гаштааст. Чеварони чирадасти «Суман» ба дӯхтан ва оро додани либосу кулоҳҳои миллӣ, ҳадяҳо, болиштҳо ва либосҳои корӣ машғуланд.Мудири «Суман» Файзимоҳ Иброҳимова хушҳол аст, ки имкони муаррифии интернетии маҳсули дастони дӯзандаҳои соҳибҳунарашро пайдо кардааст. Хонум Файзимоҳ Иброҳимова мутмаин аст, ки бо роҳандозии ин торнигор дар рушди дӯзандагӣ дар Тоҷикистон ва маъруфсозии ҳунарҳои дастӣ миёни ҷавонон ва меҳмонон саҳми худро мегузоранд. Торнигори расмӣ барои онҳо имкон медиҳад, то ҳузурашонро дар бозор тақвият бахшанд ва дар ояндаи наздик занону духтарони бештарро бо ҷойи кор таъмин намоянд. Торнигор дар доираи барномаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон» сохта ва тарроҳӣ шудааст. Барномаи мазкур бо маблағгузории ҳукумати Швейтсария (СЕКО) аз ҷониби Маркази байналмилалии тиҷорат амалӣ мегардад. Саидмӯъмин Камолов, раҳбари миллии барномаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон», мегӯяд: торнигори «Суман» ба корхона дар баробари муаррифии расмии худ имкон медиҳад, маҳсулоташро низ аз тариқи фурӯшгоҳи онлайн ба бозор барорад. Торнигор ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дастрас буда, дар он метавон доир ба таъриху дастовардҳои ширкат ва маҳсулоту хадамоташ иттилоъ дарёфт ва ҳамзамон пас аз шиносоӣ бо мушаххасоти вижаи ҳар маҳсулоти пешниҳодӣ метавон онро фармоиш дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт






