1 миллиард сомонӣ барои пардохти нафақа
Душанбе, 19 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Маблағи пардохти нафақаю кӯмакпулӣ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ бо назардошти бақия дар оғози сол 227 миллиону 358 ҳазору 300 сомониро ташкил дод. Мувофиқи маълумоти Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк», дар давраи ҳисобот маблағҳои ҷудокардаи Агентии давлатии оид ба суғуртаи иҷтимоӣ ба нафақаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон баробари 263 миллиону 500 ҳазор сомонӣ буд. Шумораи нафақагирон то аввали моҳи апрели соли равон беш аз 556 ҳазору 700 нафарро (бидуни нафақагирони коршоям) ташкил дод. Алҳол ҳаҷми нафақаи ҳадди ақал дар Тоҷикистон 80 сомониро ташкил медиҳад. Қаблан раиси палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар ҷараёни иҷлосияи палата перомуни ислоҳоти Қонун «Дар бораи таъмини шаҳрвандон бо нафақа» зикр намуда буд, ки алҳол дар Тоҷикистон шумораи нафақагирон 585 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Мувофиқи суханони ӯ, агар 5 сол пеш барои пардохти нафақа 650 миллион сомонӣ зарур бошад, имсол беш аз 1 миллиард сомонӣ зарур аст. Аз ҷумлаи теъдоди умумии нафақагирон 375 ҳазор нафарашон дар ҳаҷми аз 80 то 150 сомонӣ нафақа гирифта, ҳаҷми нафақаи боқимондаашон аз 150 то 400 сомониро ташкил медиҳад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






