1 миллиард сомонӣ барои пардохти нафақа

Апрель 19, 2012 11:40

Душанбе, 19 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Маблағи пардохти нафақаю кӯмакпулӣ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ бо назардошти бақия дар оғози сол 227 миллиону 358 ҳазору 300 сомониро ташкил дод. Мувофиқи маълумоти Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк», дар давраи ҳисобот маблағҳои ҷудокардаи Агентии давлатии оид ба суғуртаи иҷтимоӣ ба нафақаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон баробари 263 миллиону 500 ҳазор сомонӣ буд. Шумораи нафақагирон то аввали моҳи апрели соли равон беш аз 556 ҳазору 700 нафарро (бидуни нафақагирони коршоям) ташкил дод. Алҳол ҳаҷми нафақаи ҳадди ақал дар Тоҷикистон 80 сомониро ташкил медиҳад. Қаблан раиси палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар ҷараёни иҷлосияи палата перомуни ислоҳоти Қонун «Дар бораи таъмини шаҳрвандон бо нафақа» зикр намуда буд, ки алҳол дар Тоҷикистон шумораи нафақагирон 585 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Мувофиқи суханони ӯ, агар 5 сол пеш барои пардохти нафақа 650 миллион сомонӣ зарур бошад, имсол беш аз 1 миллиард сомонӣ зарур аст. Аз ҷумлаи теъдоди умумии нафақагирон 375 ҳазор нафарашон дар ҳаҷми аз 80 то 150 сомонӣ нафақа гирифта, ҳаҷми нафақаи боқимондаашон аз 150 то 400 сомониро ташкил медиҳад.

Апрель 19, 2012 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар