Ҳаҷми қарзҳо ба мизоҷон афзуд
Душанбе, 10 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Бақияи умумии қарзҳо дар охири феврали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,7 фоиз афзуда, ба 4 млрд. 356,6 млн. баробар шуд. Ба мухбири АМИТ «Ховар» роҳбари хадамоти матбуоти дастгоҳи роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон Абдуғаффор Қурбонов иттилоъ дод, ки аз ин маблағ 1 млрд. 861,2 млн. бо пули миллӣ ва 2 млрд. 495,4 млн. сомонӣ бо асъори хориҷӣ қарз дода шудааст. Ба иттилои манбаъ, дар таркиби бақияи қарзҳо 30,2 фоиз ё 1 317,6 млн. сомониро ҳиссаи қарзҳои дарозмуддат ташкил додаанд, ки нисбат ба соли қаблӣ 3,1 фоиз зиёд шуд. Дар ду моҳи аввали соли равон фоизи миёнавазни қарзҳо дар низом бо пули миллӣ 19,79 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 24,01 фоизи солонаро ташкил намуд. Бинобар афзоиши талабот ба маблағҳои озод, ҳаҷми қарзҳои хурд дар моҳҳои мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 33,2 фоиз зиёд гардида, ба 447,3 млн. сомонӣ баробар шуд. Аз ҷумла ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон , 90,7 млн. сомонӣ қарз дода шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 26,9 фоиз зиёд аст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






