Ҳамоиши илмӣ дар Китобхонаи миллӣ
Душанбе, 4 апрел. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим). –Имрӯз дар маҷлисгоҳи Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Китобхонаи миллӣ –маркази бузурги фарҳангӣ» ҳамоиши илмӣ баргузор гардид. Ҳамоиш дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои нави Китобхонаи миллӣ ва мулоқот бо зиёиёни кишвар доир гардида, дар он шахсиятҳои фарҳангӣ, донишмандон, роҳбарони донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар ва шоирону нависандагони шинохтаи тоҷик ширкат доштанд. Ҳамоишро директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Носирҷон Салимов ифтитоҳ бахшид. Ҳамчунин дар рафти ҳамоиш доктори илми фалсафа, профессор Акбари Турсон маърӯза намуда, ҷиҳати рушди илму фарҳанг дар кишвар маслиҳатҳои муфид дод. Аз ҷониби иштирокдорони ҳамоиш ҷиҳати ривоҷи соҳаи китобу китобдорӣ, инчунин тақвиятирушди фарҳанг дар кишвар пешниҳодҳои мушаххас ироа гардид.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






