Ҷалби пасандозҳо – самти асосии фаъолияти низоми бонкӣ

Апрель 4, 2012 11:10

Душанбе, 4 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар фаъолияти низоми бонкӣ яке аз самтҳои асосӣ ҷалби пасандозҳои шахсони воқеӣ мебошад.  Роҳбари Хадамоти матбуоти дастгоҳи роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон Абдуғаффор Қурбонов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки бақияи пасандозҳо дар охири моҳи феврали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 29,6 фоиз афзудааст. Аз ин маблағ ба пасандозҳо 1 609,4 млн. сомонӣ бо пули миллӣ (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16,3 фоиз) ва 2 811,5 млн. сомонӣ бо асъори хориҷӣ (нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 38,7 фоиз) рост меоянд. Аз рӯи иттилои манбаъ, дар таркиби бақияи ҳаҷми пасандозҳо 44,3 фоиз ё маблағи 1 959,8 млн. сомониро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 55,7 фоиз ё 2 461,1 млн. сомониро пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил медиҳанд. Мувофиқи маълумоти оморӣ дар моҳҳои январ-феврали соли равон фоизи миёнавазни пасандозҳо бо пули миллӣ 16,79 фоиз ва пасандозҳо бо асъори хориҷӣ 14,63 фоизи солонаро ташкил намуд.

Апрель 4, 2012 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд