Афзоиши савдои чакана

Апрель 24, 2012 09:16

Душанбе, 24 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Агентии antiepileptic-meds.com Президенти ҷумҳурӣ, дар моҳҳои январ-марти соли 2012 ҳаҷми гардиши савдо, таъмири автомобилҳо, молҳои маишӣ ва ашёҳои истифодаи шахсӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 ба андозаи 18,6 фоиз ё ба маблағи 440,5 млн. сомонӣ зиёд шудааст. Дар ин давра гардиши савдои чакана 17,5 фоиз афзудааст. Ҳаҷми умумии гардиши моли чаканаи бозорҳо ва дигар сохторҳои тиҷоратӣ дар давоми се моҳи аввали соли ҷорӣ ба 2 млрд. 112,6 ҳазор сомонӣ расонида шудааст. Аз он ҷумла дар бозорҳои озукаворӣ, ашё ва молҳои омехтаи ҷумҳурӣ ба маблағи 1 млрд. 168 млн. сомонӣ мол фурӯхта шудааст. Дар ин давра ҳамчунин ба маблағи 213,1 млн. сомонӣ чорвои зинда, 59,5 млн.сомонӣ автомобилҳои боркаш ва сабукрав, 233,2 млн. сомонӣ маҳсулоти нафтӣ ва ба маблағи 438,8 млн. сомонӣ дигар молҳо ба фурӯш рафт.

Апрель 24, 2012 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд