Барқияи табрикотии Дмитрий Медведев унвонии Эмомалӣ Раҳмон

Апрель 6, 2012 14:02

Душанбе, 6 апрел. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, чунин омадааст: «Мӯҳтарам Эмомалӣ Шарифович, Ба муносибати 20 — солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии байни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон табрикоти самимонаро қабул фармоед. Тайи солҳои гузашта бо саъю кӯшишҳои якҷоя ба мо муяссар гардид, ки ҳамкории дуҷонибаро, ки дар анъанаҳои бисёрсолаи дӯстӣ қарор дорад, ба сатҳи сифатан нав бардорем. Россия ва Тоҷикистон муколамаи сиёсӣ ва робитаҳои тиҷоратиро пайваста таҳким бахшида, ҳамоҳангсозиро дар масъалаҳои муқобилат ба хавфу таҳдидҳои нав роҳандозӣ менамоянд. Аминам, ки ривоҷи минбаъдаи ҳамкорӣ дар умури байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла дар ҳошияи иттиҳодияҳои ҳамгироӣ ҷавобгӯи манфиатҳои кишвару халқоямон буда, ба кори сулҳу амнияти Осиёи Марказӣ хидмат менамояд. Ба Шумо, тансиҳатии бардавому комёбиҳо ва ба халқи дӯсти Тоҷикистон беҳбудию шукуфоӣ орзӯ дорам».Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Апрель 6, 2012 14:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ маркази савдои муосир ба истифода дода шуд
Дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Дар Суғд даври вилоятии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҷавонони Осиё Марказӣ дар Ашқобод иштирок намуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Китоби «Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт» рӯнамоӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
«МегаФон Тоҷикистон» шабакаро ба суръатҳои нави гигабитӣ омода менамояд
Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Пенза ҳамоиш доир шуд
«ИСТИҚЛОЛ-НЕЪМАТИ БЕБАҲО». Дар ин мавзуъ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ конференсияи илмӣ доир гардид
Донорҳо аз Бунёди Lives & Livelihoods дастовардҳо дар соҳаи ҳифзи саломатии модар ва кӯдакро дар Тоҷикистон таҷлил менамоянд