Дар натиҷаи садама 4 нафар дар дарё ғарқ шуд
Душанбе, 21 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Рӯзи 20 апрел ронандаи мошини тамғаи «ВАЗ-21099» Фахриддин Раҳмонов, сокини шахри Душанбе ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ бехатарии воситаи нақлиётро риоя накарда, ба тарафи рости роҳ ба дохили дарёи Варзоб чаппа шудааст, ки дар натиҷа худи ронанда ва мусофири ӯ Наим Мӯъминов, соли таваллудаш 1988, сокини шаҳри Душанбе ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд. Дигар мусофирони мошин Давлатова Марҷона Баҳруллоевна, соли таваллудаш 1988, Мӯъминова Азиза Расуловна, соли таваллудаш 1994, Мӯъминова Шоҳбону Раҷабовна, соли таваллудаш 1995 ва Мӯъминова Миҷгона Наимовна, соли таваллудаш 2010, сокинони шаҳри Душанбе ба дарё афтида, ғарқ шудаанд. Барои дарёфти ҷасадҳо корҳои ҷустуҷуӣ идома доранд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ хабар доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






