Лаҳзаҳои хотирмон

Апрель 23, 2012 11:53

Хоруғ, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – 33 нафар сарбозону сержантҳо, ки қарзи Ватан — Модарро адо кардаанд, аз шаҳру ноҳияҳои кишвар ба вилоят баргаштанд. Ба ин муносибат дар қисми низомии 0123 қувваҳои зудамали Вазорати дифои Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақар дар шаҳри Хоруғ маросими бошукӯҳе баргузор гардид.Бо ворид намудани Парчами қисми низомӣ ва танинандоз шудани Суруди миллӣ тантана оғоз ёфта, муовини комиссари ҳарбии вилоят Беҳзод Саидиброҳимов сарбозонеро, ки хидмати низомиро анҷом додаанд, шодбош гуфт. Чорабинии имсола ба ифтихори адои хидмати ҳарбӣ дар қисми низомӣ ба тарзи нав ва рӯҳияи тарбияи ватанпарастӣ дар қалби кӯдакону наврасон ҷараён гирифт. Сарбозонро тарбиягирандагони боғчаи бачагонаи рақами якуми шаҳри Хоруғ ва толибилмони мактаби таҳсилоти ҳамагонии ба номи Давлаталӣ Шабдолови шаҳр бо қироати шеърҳо дар васфи Ватан – Модар табрик намуданд.Мутобиқи нақшаи чорабинӣ ба 33 нафар сарбозоне, ки мӯҳлати хидмати ҳарбиро баҷо овардаанд, билетҳои ҳарбӣ супорида шуда ва беҳтаринҳо бо ифтихорномаҳо қадр гардиданд.

Апрель 23, 2012 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд