Майдони боғот васеъ мешаванд
Тавилдара, 18 апрел. (АМИТ «Ховар», Мирзосафар Ризвонов).- Дар ноҳияи Тавилдара ба соҳаи боғдорӣ диққати ҷиддӣ медиҳанд. Боғдорон соли равон дар майдони 5 гектар себу нок ,чормағзу зардолу шинонида шуд, 15 гектар боғҳои қӯҳнаро аз нав барқарор намуданд. Дар талу теппаҳо зиёда аз 200 ҳазор бех ниҳолҳои сояафкану ороишдиҳанда шинонидаанд,- иброз дошт муовини раиси ноҳияи Тавилдара Қурбон Маҳмадов. Боғдорон ният доранд 10 гектар майдони боғҳои кӯҳнаро аз нав барқарор кунанд. Ҳоло дар ҷамоатҳои Сангвору Вахё шинонидани ниҳол босуръат идома дорад.