Маркази нави интернетӣ

Апрель 18, 2012 16:43

Рашт, 18 апрел. (АМИТ «Ховар», Мирзосафар Ризвонов).-Бо дастгирии молиявии сафорати давлати Амрико дар Тоҷикистон дар шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт маркази интернетӣ кушода шуд. Дар ифтитоҳи марказ сафири ИМА дар Тоҷикистон Кен Гросс, намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатии ноҳия ва дигар шахсони масъул ширкат варзиданд. Дар сӯҳбат бо хабарнигорон сафир афзуд, ки марказ аз тарафи ташкилоти ғайридавлатии «Маърифатнокӣ» дар ноҳия роҳандозӣ шудааст ва аз ин шабакаи ҷаҳонӣ кулли муштариён метавонанд бо тариқи ройгон истифода баранд. Марказ бо 8 адад компютер ҷиҳозонида шуда, ҳамарӯза дар хизмати мизоҷон қарор дорад.

Апрель 18, 2012 16:43

Хабарҳои дигари ин бахш

22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд