Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Карим Оғохони 4
Душанбе, 4 апрел. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Пешвои исмоилиёни ҷаҳон Карим Оғохони 4-ро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили вобаста ба рӯзгори исмоилиёни Тоҷикистон ва ҳолати кунунию дурнамои рушди ҳамкорӣ бо Созмони Оғохон оид ба рушд баррасӣ шуд. Карим Оғохони 4 аз расман сабти ном шудани Маркази фарҳангии исмоилия дар шаҳри Душанбе ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос намуда, ин амалро нишонаи возеҳи озодии дину эътиқод ва таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон маънидод кард. Ҷонибҳо аз натиҷаҳо ва муҳтавои ҳамкории бисёрсола, аз ҷумла доир ба ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои сершумори Тоҷикистон дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, обрасонӣ, энергетика ва бунёди роҳу пулҳои мошингард, изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон густариши бештари робитаҳои судбахшро зарур донистанд. «Аксари лоиҳаҳои Тоҷикистон, ки бо ҷалби сармоягузорӣ аз ҷониби Созмони Оғохон оид ба Рушд амалӣ шудаанд ва ё татбиқашон идома дорад, дорои аҳамияти минтақавӣ мебошанд, аз ҷумла ба нафъи мардуми Афғонистон ва дигар кишварҳои минтақа низ хизмат мекунанд»,- таъкид гардид зимни суҳбат. Ҳарду ҷониб ҳавасмандии устувори худро ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ таъкид намуданд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






