Мулоқоти М. Убайдуллоев бо митрополит
Душанбе, 4 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Имрӯз раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев митрополит Викентий- сардори ҳавзаи Осиёимиёнагии митрополити Калисои православии русро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт. Маҳмадсаид Убайдуллоев митрополит Викентийро, ки ҳамзамон садорати митрополити Калисои православии рус дар Душанбе ва Тоҷикистонро ба ӯҳда дорад, барои таъин шуданаш ба ин вазифа шодбош гуфта, изҳори боварӣ кард, ки идомаи фаъолияти ӯ ба ин вазифа баҳри таҳкими фазои ҳамзистии осоиштаи мӯътақидони дини насронӣ ва кулли пайравони намояндагони дину мазҳабҳои гуногун, ки дар Душанбе иқомат доранд, мусоидати бештар менамояд. Митрополит Викентий аз пазироӣ ва мӯҳтавои мулоқот бо Маҳмадсаид Убайдуллоев изҳори сипос намуда гуфт, ки ҷониби ӯ тамоми зарфиятҳояшро барои густариши ҳамзистии осоиштаи пайравони дини насронӣ бо дигар намояндагони таркиби иҷтимоию динии шаҳри Душанбе ва Тоҷикистон равона хоҳад кард.Шавкат Саидов, котиби матбуоти раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки мулоқот дар фазои хусни тафоҳум ва созанда сурат гирифта, дар он Юрий Попов, сафири фавқулодда ва мухтори Федератсияи Русия дар Тоҷикистон ҳузур дошт.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






