Муносиботи иқтисодии Суғд бо 49 мамлакат

Апрель 23, 2012 16:34

Душанбе, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар семоҳаи аввали соли равон гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд, якҷоя бо гази табиӣ 353919,7 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи порсола 30,4 фоиз ё 82532 ҳазор доллари ИМА зиёд аст. Тарози савдо манфӣ буда, 144689,7 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил кард. Вилояти Суғд бо 49 мамолик, аз ҷумла бо 9 кишвари узви ИДМ ва бо 40 давлати хориҷи дур муносибати савдои хориҷӣ дорад. Аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар гардиши савдои хориҷӣ ба ҳиссаи мамлакатҳои ИДМ 56,4 фоиз ё 199499 ҳазор доллар ва ба ҳиссаи мамлакатҳои хориҷи дур 43,6 фоиз ё 154420,7 ҳазор доллар рост меояд. Касри тарози савдо бо мамлакатҳои ИДМ – 136134,4 ҳаз. доллар, бо мамлакатҳои хориҷи дур — 8555,3 ҳаз. долларро ташкил додааст. Умуман ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ дар моҳҳои январ-марти соли 2012 нисбат ба моҳҳои январ-марти соли 2011 бо мамлакатҳои ИДМ 26,2 фоиз ё 41390,6 ҳазор доллари ИМА ва бо мамлакатҳои хориҷи дур бошад, 36,3 фоиз ё 41141,4 ҳазор доллари ИМА афзудааст. Мувофиқи маълумот шарикони асосии Тоҷикистон доир ба содирот инҳоянд: Швейтсария – 25,5 фоиз, Чин — 18,9 фоиз, Қазоқистон – 15,0 фоиз, Руссия – 9,8 фоиз, Афғонистон – 9,4 фоиз, Туркия – 7,0 фоиз, Эрон – 3,1 фоиз. Воридоти мол асосан аз мамлакатҳои Қазоқистон – 29,9 фоизи ҳаҷми умумии воридот, аз Русия – 27,0 фоиз, Чин – 8,3 фоиз, Литва – 7,5 фоиз, Белорус – 4,9 фоиз, Ҷумҳурии Корея – 3,9 фоиз, Белжик – 3,7 фоиз сурат гирифтааст.

Апрель 23, 2012 16:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт» рӯнамоӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
«МегаФон Тоҷикистон» шабакаро ба суръатҳои нави гигабитӣ омода менамояд
Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Пенза ҳамоиш доир шуд
«ИСТИҚЛОЛ-НЕЪМАТИ БЕБАҲО». Дар ин мавзуъ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ конференсияи илмӣ доир гардид
Донорҳо аз Бунёди Lives & Livelihoods дастовардҳо дар соҳаи ҳифзи саломатии модар ва кӯдакро дар Тоҷикистон таҷлил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Истиқлоли давлатӣ — асоси хушбахтӣ ва рушди давлатдории миллӣ
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Нақши занони тоҷик дар таҳкими давлатдории миллӣ назаррас аст