Нашри нахустини «Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ»

Апрель 4, 2012 10:30

Душанбе, 4 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар арафаи таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Нашриёти «Шарқи озод» ҷилди аввали «Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ» аз чоп баромад. Роҳбари ҳайати таҳририяи «Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ», декани факултаи забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои филология, профессор Сайфиддин Назарзода дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки мувофиқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо зиёиёни кишвар моҳи марти соли 2007 «Таҳияи Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ бо истифода аз таҷриба ва меъёрҳои «Фарҳанги забони тоҷикӣ» ва дигар луғатномаҳои мавҷудаи тоҷикӣ, дарӣ ва форсӣ» соли 2008 дар собиқ Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (ҳоло Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ) оғоз гардид.Вай афзуд, ки зарурати таҳияи ин фарҳанг дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқот бо зиёиёни кишвар 21 марти соли 2009 бори дигар ба таври зерин таъқид шуд: «Дар назди Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии Академияи илмҳо вазифаи таълифи «Фарҳанги тафсири мукаммали забони тоҷикӣ» иборат аз 6 ҷилд гузошта шудааст ва табъу нашри он дар зарфи 5 соли наздик бояд ба анҷом расад». С. Назарзода тазаккур дод, ки лоиҳаи таҳияи ин фарҳанг дар 6 ҷилд соли 2008 тасдиқ ва маблағгузории он аз оғози соли 2009 шурӯъ гардид. Ҷилди аввали «Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ» соли 2010 ба чоп омода шуда буд, вале бо сабаби ба «Нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шомил шудани он (Қарори Ҳукумати ҶТ №642 аз 31 декабри соли 2008) нашри ин ҷилд ба рӯзҳои ҷашн мавқуф гузошта шуд. Вале дар ин муддат кор болои фарҳанг идома ёфта, акнун 2 ҷилд – ҷилди аввал ва ҷилди дуюми «Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ» барои чоп омода шудааст, ки ҷилди аввали он дар арафаи ҷашни Наврӯз ба миқдори 1000 нусха ва 831 саҳифа аз чоп баромад. Ҷилди аввал фақат махсуси ҳарфи «А» буда, тафсири наздик ба 12 ҳазор калимаву ибораро фаро мегирад. Дар он тафсири калимаҳо бо овардани намунаҳои назмиву насрӣ аз шоирону нависандагону адибони даврони классикӣ, шӯравӣ ва истиқлолият шарҳ дода шудааст. Инчунин дар таҳияи ин фарҳанг асарҳову суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки намунаи баланди ҳам насри илмӣ ва ҳам насри публисистии забони тоҷикии даврони истиқлоланд, ба таври фаровон ҷо дода шудааст. Маврид ба зикр аст, ки дар таҳияи ин «Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ» беш аз 30 нафар донишмандон аз собиқ Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, факултаҳои забон ва адабиёт ва забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва дигар мутахассисон машғуланд. Дар назар аст, ки то охири соли 2012 ҷилди дуюми «Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ» барои чоп пешниҳод шавад.

Апрель 4, 2012 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Чаро дар шаҳри Норак талафоти неруи барқ зиёд аст?
Имрӯз дар Китобхонаи миллӣ Ҷаласаи 20-уми Шурои машваратии роҳбарони хадамоти бойгонии давлатҳои иштирокдори ИДМ оғоз мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Пагоҳ дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои водигии Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ҶСК «Барқи Тоҷик», ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Пагоҳ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ҶСК «Барқи Тоҷик», ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон беш аз 21 ҳазор нафар табиб фаъолият мекунад
«МегаФон Тоҷикистон»: Бадахшонро чӣ гуна фатҳ намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 август, душанбе, 218-умин рӯзи соли 2024 аст