Рӯзҳои оянда ҳавои кишвар боронист

Апрель 27, 2012 10:52

Душанбе, 27 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Рӯзҳои 27-28 ва 29 апрел дар ҷумҳурӣ, хусусан дар минтақаи ҷануби кишвар-гурӯҳи ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ боронҳои пуршиддат борида, дар натиҷа сел меояд. Парвина Саидҷамолова, мудири шӯъбаи пешгӯии боду ҳавои Муассисаи давлатии ҳавошиносии ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки бо ворид шудани ҳавои пуршиддати рутубатноки атлантикӣ, аз 21 апрел инҷониб дар ҷумҳурӣ ҳаво абрноку боронист ва ҳарорати ҳаво нисбат ба ҳафтаи қаблӣ то 10-12 дараҷа поён фаромадааст. Мутахассиси бахши ҳавошиносии кишвар меафзояд, ки дар шароити иқлими Тоҷикистон аслан моҳҳои апрел ва май сербориш буда, боронҳои пай дар пайи ҳафтаи охир ҳолати муқаррарист. Ҳаво дар ин давра дар вилояти Суғд шабона 8-13 ва рӯзона 17-22 дараҷа гарм, дар вилояти Хатлон шабона 9-14 рӯзона 18-23 дараҷа гарм мешавад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шабона 7-12 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм, дар шарқи ҳамин вилоят шабона 0-5 дараҷа сард ва рӯзона 2-7 дарҷа гарм мешавад. Ҳарорати ҳаво дар ноҳияҳои тобеи марказ шабона 7-12 ва рӯзона 14-19 ва дар пойтахти ҷумҳурӣ шабона 10-12 ва рӯзона 17-19 дараҷа гарм мешавад.

Апрель 27, 2012 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд