Роҳбари дастгоҳ узви Маҷлиси миллӣ мешавад

Апрель 20, 2012 14:02

Душанбе, 20 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Вакилони Маҷлиси халқи шаҳри Душанбе дар ҷараёни баргузории иҷлосияи нуҳӯми шаҳрӣ Бахтиёр Худоёров, роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро номзад ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази узви хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии шаҳри Душанбе №4 якдилона пешниҳод намуданд. Дар робита бо қарори қабул намудаи Қомиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ 9 июни соли равон дар ҳавзаи интихоботии шаҳри Душанбе интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷои аъзои хориҷшуда гузаронида мешавад.

Апрель 20, 2012 14:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад