Шоҳигарии Бутан аз ташаббусҳои Тоҷикистон пуштибонӣ мекунад

Апрель 25, 2012 15:32

Душанбе, 25 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов фиристодаи махсуси Сарвазири Шоҳигарии Бутан Лёнпо Кинзанг Дорчиро ба ҳузур пазируфт. Лёнпо Кинзанг Дорчи номаи шодбошии Сарвазири Шоҳигарии Бутанро ба Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов расонида, изҳор дошт, ки кишвараш хостори ба роҳ мондани муносибатҳои дипломатӣ ва иқтисодию тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад . Тавре ки таъкид шуд, Шоҳигарии Бутан ба мисли Ҷумҳурии Тоҷикистон сарзамини кӯҳсор буда, захираҳои бойи гидроэнергетикӣ дорад ва рушди иқтисодии он асосан аз ҳисоби соҳаи кишоварзӣ ва туризми кӯҳӣ таъмин карда мешавад. Оқил Оқилов изҳор дошт, ки ҳар ду давлат бо назардошти имконоту захираҳои монанд метавонанд дар оянда дар соҳаҳои кишоварзӣ, туризм ва сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ муносибатҳои хуби дуҷонибаро ба роҳ монда, аз таҷрибаи ҳамдигар баҳравар гарданд. Шоҳигарии Бутан аз ташаббусҳои сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонии Тоҷикистон вобаста ба масоили об ва идораи захираҳои обӣ ҳамеша пуштибонӣ менамояд ва ин ташаббусҳоро аз омилҳои муҳими ҳалли мушкилоти марбут ба об дар саросари ҷаҳон медонад, таъкид кард фиристодаи махсуси Сарвазири Шоҳигарии Бутан. Дар мулоқот ҷонибҳо омодагию ҳавасмандии худро барои пуштибонии мавқеи ҳамдигар дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷаҳони имрӯза ва ба роҳ мондани муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷониба таъкид доштанд.

Апрель 25, 2012 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад