Тақдими Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 20, 2012 10:43

Душанбе, 20 апрел. (АМИТ «Ховар»). —   Тақдими Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кохи Сомони бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён гирифт. Зимни он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлати Тоҷикистон муайяну мушаххас карда шуд. Тибқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон паёми Президенти кишвар дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Парлумон тақдим гардид. Аз ин хотир роҳбарияти парлумон, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррароти оғози ҷаласаи сеюми якҷояи Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорумро дар толори калони бинои Маҷлиси Олӣ ба ҷо оварда, барои шунидани паёми навбатии Президенти кишвар ба Кохи Сомони бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Ба ин муносибат дар толор, ҳамчунин Сарвазир ва аъзои Ҳукумати кишвар, мушовирони давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъулони Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, роҳбарони вазоратҳо ва кумитаҳои давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумати кишвар, мақомоти марказии судӣ ва дигар идораҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, Академияи илмҳо, муассисаҳои олии таълимӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва вакилони як қатор иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва эҷодӣ, роҳбарони корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, бонкҳо, ширкатҳои фаъолу соҳибнуфузи хусусӣ, намояндагони ҳайати дипломатӣ, воситаҳои ахбори умум ва дигарон, дар маҷмӯъ зиёда аз 1200 нафар ҷамъ омаданд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар оғоз аз соли таҷлили солгарди 20-уми Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ва 15-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ будани соли 2012 ёдовар шуда, таъкид дошт, ки ин ду сана дар таърихи муосири Тоҷикистони соҳибистиқлол, пеш аз ҳама дар истиқрори сулҳу созиш ва таъмини рушди босуботи кишвар, нақши тақдирсоз бозидаанд. Ёдоварӣ аз нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар солҳои охир ва муқоисаи он бо солҳои аввали истиқлолият ва соли 2000 аз бахшҳои нахустини паёми имсола буд. Зикр гардид, ки аз соли 2000-ум то ба имрӯз маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 2,3 баробар афзуда, рушди солонаи он ба ҳисоби миёна беш аз 7 фоизро ташкил намуд, ки дар натиҷа маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 5,3 баробар афзуд. Ҳаҷми даромадҳои аҳолӣ тадриҷан афзоиш ёфта, аз як миллиард сомонии соли 2000-ум то ба 16,2 миллиард сомонӣ дар соли 2011 расидааст, ки 16 баробар зиёд мебошад. Ҳамин тавр, сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат аз 81 фоизи соли 1999-ум то 42 фоиз дар соли 2011 кам карда шуд. Афзоиши бесобиқаи ҳаҷми пасандозҳои аҳолӣ дар ташкилоту сохторҳои қарзии кишвар низ пеш аз ҳама нишонаи зиёдшавии даромади аҳолӣ ва ҳам болоравии боварию эътимод ба бонкҳои саҳҳомӣ арзёбӣ гардид. Тавре зикр гардид, дар тӯли даҳ соли охир бақияи ҳаҷми умумии пасандозҳо дар ташкилоту сохторҳои қарзии кишвар зиёда аз 45 баробар, шумораи мизоҷон, ки аз хизматрасонии бонкӣ истифода мебаранд, беш аз 25 баробар ва ҳаҷми қарзҳои додашуда 21 баробар афзудааст. Дар баробари ин, аз соли 2005 инҷониб барои дастгирии рушди минтақаҳои кӯҳистон ба маблағи умумии 2,3 миллиард сомонӣ қарзҳои хурд дода шудааст. Дар тӯли 10 соли охир қарздиҳии хурд дар кишвар беш аз 100 баробар афзудааст. Барои тақвияти бештар додан ба ин раванд ба Бонки миллӣ, Бонки давлатии “Амонатбонк”, бонкҳои саҳҳомӣ ва ташкилоту сохторҳои маблағгузории хурд дастур дода шуд, ки қарздиҳиро ба фаъолияти соҳибкорӣ, алалхусус дар минтақаҳои дурдасти кӯҳистон ва занони соҳибкор афзоиш дода, дар давраи миёнамӯҳлат ҳамасола на камтар аз 20 фоиз зиёд намудани маблағгузории соҳаҳои истеҳсолиро таъмин намоянд. Буҷети давлатӣ дар соли 2012 дар ҳаҷми 10 миллиарду 200 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2011 22% ва нисбат ба соли 2000 45 баробар зиёд аст. Натиҷаи ҳамин аст, ки танҳо дар даҳ соли охир ҳаҷми миёнаи музди меҳнат дар кишвар 32 баробар афзоиш ёфтааст. Хотиррасон гардид, ки тибқи нишондодҳои паёми порсолаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар давоми се соли наздик музди меҳнати кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ бояд то ду баробар зиёд шавад. Барои амалӣ намудани ин ҳадаф соли гузашта музди вазифавии кормандони соҳаи маориф ва илми соҳавӣ — 30 фоиз, илмҳои академӣ аз 100 фоиз то 3,3 баробар, фарҳангу варзиш ва муассисаҳои ҳифзи иҷтимоиву тандурустӣ — 40 фоиз ва ҳамаи намуди стипендияҳо — 40 фоиз зиёд шуда, музди кори хизматчиёни давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ низ баланд бардошта шуд. Аз 1-уми сентябри соли равон марҳалаи дуюми зиёдшавии музди меҳнат амалӣ гардида, музди кори кормандони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, яъне мактабҳои миёна ва муассисаҳои томактабӣ, хона-интернатҳо барои пиронсолону маъюбон — 60 фоиз, соҳаи фарҳанг – 50 фоиз, соҳаҳои тандурустиву ҳифзи иҷтимоӣ, варзиш ва дигар муассисаҳои соҳаи маориф — 40 фоиз, кормандони соҳаи илм ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ — 30 фоиз зиёд карда мешавад. Ҳамзамон бо ин, стипендияҳои донишҷуён ва дигар намудҳои стипендия — 50 фоиз, инчунин музди меҳнати ҳадди ақал 2,5 баробар зиёд карда шуда, андозаи он аз 80 сомонӣ ба 200 сомонӣ баробар мегардад. Дар баробари ин, ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ба андозаи 30 фоиз зиёд карда шуда, нафақаҳои меҳнатӣ, ки дар асоси собиқаи кории пурра таъин гардида, аз 150 сомонӣ кам мебошанд, ба 150 сомонӣ баробар карда мешаванд. Яъне аз 1-уми сентябри соли равон дар мамлакат нафақаиқариб 380 ҳазор нафар нафақагирон зиёд шуда, ба 150 сомонӣрасонида мешавад. Таъкид гардид, ки ҳиссаҷудокунӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ баробар бо афзоиши даромади буҷети давлатӣ афзун мешавад. Аз ҷумла ҳаҷми маблағгузории соҳаи маориф барои соли 2012 пешбинишуда аз буҷети ин соҳа дар соли 2000 35 баробар ва дар соҳаи тандурустӣ ин нишондод 30 баробар афзудааст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба дастгирии давлатии сармоягузорӣ ва соҳибкории хусусӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, таъкид дошт, ки тамоми амалҳои барасмиятдарории кори соҳибкорону сармоягузорон бояд содда гардонда шавад. Аз ҷумла барои ҳарчи зудтар ба роҳ мондани фаъолияти ҳукумати электронӣ ва ба таври электронӣ ташкил намудани робитаи миёни сохторҳои маъмурии давлатӣ ва соҳибкорону сармоягузорон супоришҳои мушаххас дода шуд. Дастур дода шуд, ки барои омӯхтани таҷрибаи давлатҳои дар ин самт пешрафтаи ҷаҳон ва амалӣ намудани механизмҳои беҳтарин дар Тоҷикистон гурӯҳи кории ҳукуматӣ таъсис дода шавад. Зикр гардид, ки агар теъдоди иҷозат барои фаъолияти соҳибкорӣ то ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ 650 номгӯйро ташкил карда бошад, пас он ҳоло ҳамагӣ аз 86 номгӯй иборат аст. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон идомаи ин равандро зарур шумурда, дастур дод, ки дар давоми як сол ҷиҳати боз то 50 фоиз ихтисор намудани теъдоди иҷозатномаҳо ва тавассути низоми электронӣ ба расмият даровардани беш аз 30 фоизи иҷозатдиҳӣ таъмин карда шавад. Сарвари давлат ёдовар шуд, ки танҳо дар соли 2011 аз ҷониби соҳибкорон қариб 1000 иншооти иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла 100 корхонаи саноатӣ ба истифода супорида шуд, ки дар онҳо беш аз 12 ҳазор ҷойи нави корӣ муҳайё гардид. Аз ин хотир ба соҳибкорону сармоягузорони фаъоли кишвар барои ин ва ҳамчунин дасти кумак дароз карданашон ба аҳолии ниёзманди ҷумҳурӣ арзи сипос карда шуд. Тавре иттилоъ дода шуд, барои таъмини сарфаю сариштакорӣ ва аз байн бурдани такрори вазифаҳо шумораи кормандони як қатор сохторҳои давлатӣ то 12% ихтисор карда мешавад. Бо таваҷҷуҳи хоса ба рушди соҳаҳои бунёдии иқтисоди кишвар, ба мисли саноат, аз ҷумла саноати истихроҷ ва коркарди маъданҳо ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, энергетика, пеш аз ҳама гидроэнергетика, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ ва мелиоратсия ба сохторҳои масъул супоришҳои мушаххас дода шуд. Таъкид гардид, ки барои таъмини корхонаҳои саноатӣ ва дигар муассисаҳо бо сӯзишворӣ то дастрасӣ пайдо намудан ба гази табиии ватанӣ аз захираҳои худии ангишт васеъ истифода карда шавад. Тадбирҳои мушаххас, ҳамчунин бояд доир ба бунёди нерӯгоҳҳои нави барқӣ, кашидани хатҳои интиқоли нерӯи барқ, аз ҷумла ба Афғонистону Покистон, тезондани бунёди қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа амалӣ карда шаванд. Таваҷҷуҳи зиёд, ҳамчунин ба соҳаҳои маорифу тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сиёсати ҷавонон ва дар маҷмуъ ба таълиму тарбияи насли ҷавони ҷисман ва рӯҳан солим, дорои маърифати баланди шаҳрвандӣ, ҳисси волои ватандӯстӣ, ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ ва содиқу вафодор ба арзишҳою муқаддасоти Тоҷикистони соҳибистиқлол зоҳир карда шуд. Масоили таълиму тарбияи босифат ва бомасъулияти насли ҷавони кишвар дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ ва эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳамчунин дар бахши вобаста ба фаъолияти сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот низ мақоми марказӣ дошт. Дар ин бахш, ҳамчунин доир ба тарбияи кадрҳои баландихтисос, ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, муомилаю муносибати шоистаю боэҳтиром бо мардум ва муборизаи беамон бо ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои созмонёфтаи марбут бо коррупсия ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир супоришҳои мушаххас дода шуд. Дар бахши сиёсати хориҷӣ таваҷчуҳи хоса ба таҳкими муносибот ва густариши ҳамкорӣ бо шарики асосию боэътимоди Тоҷикистон – Федератсияи Русия ва ҳаллу фасли мушкилоти минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ зоҳир гардид. Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, роҳи асосии ҳаллу фасли кулли мушкилоти минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва баҳрабардории муштарак аз имкону захираҳои фаровони мавҷуда гуфтушуниди созанда аст. Таваҷчуҳи зиёд, ҳамчунин ба рушди муносибот дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай ва давлатҳои аъзои он, пеш аз ҳама бо Ҷумҳурии Мардумии Чин зоҳир карда шуд. Масоили рушди ҳамкорӣ бо Афғонистон ва омодагӣ ба замони баъд аз хуруҷи неруҳои байналмилалии посдори сулҳ аз ин кишвар, ки марҳилаи “рӯ ба рӯ шудан бо воқеияти нав дар минтақа” номида шуд, аз мавзӯъҳои марказии бахши сиёсати хориҷӣ дар паём буд. Бо ишора ба стратегияи “дарҳои кушода” дар сиёсати хориҷии кишвар, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки Тоҷикистон минбаъд низ робитаҳои судманд ва ҳамкории босамарро бо ҳамаи кишварҳои ба мо хайрхоҳ ва тамоми созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ собитқадамона идома хоҳад дод. Дар фароварди паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар, бо ёдоварӣ аз арзишҳои волою муқаддасоти давлатдории миллӣ, мардуми кишварро ба ваҳдату ягонагӣ ва заҳмати созанда барои рушду тараққиёти минбаъдаи Ватани азизи мо – Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳидоят намуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Апрель 20, 2012 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» таҳия гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар маҳаллаи Умари Хайёми шаҳри Бохтар майдончаи варзишӣ ва иншооти хизматрасонӣ ба истифода дода шуд
Дар Хоруғ бо таъмини шароити мусоид мавсими оббозӣ оғоз гардид
Олимон омили дуюми хатари марги бармаҳалро ошкор карданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 июн, шанбе, 181-умин рӯзи соли 2024 аст
Тоҷикистон ва Қатар раванди татбиқи лоиҳаҳои сармоягузориро баррасӣ намуданд
Имрӯз дар Эрон интихоботи пешазмуҳлати президентӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар деҳаи Шитами ноҳияи Шуғнон чорабинии бошукӯҳи идона баргузор шуд
Дар Роғун ба насли ҷавон аҳамияти Рӯзи Ваҳдати миллӣ фаҳмонида шуд
ОМИЛИ РУШДИ ДАВЛАТ ДАР ВАҲДАТ АСТ. Дар Вазорати нақлиёт ҳамоиши идона баргузор шуд