Тоҷикистон ва ЮНЕСКО

Апрель 19, 2012 16:14

Душанбе, 19 апрел. (АМИТ «Ховар»). — Соли 2012 аз ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, фарҳанг ва маориф – ЮНЕСКО, 19 сол пур шуд. Ба ин муносибат мухбири АМИТ «Ховар» бо Шаҳло Абдураҳимова, котиби масъули Комиссияи миллии Чумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО-и назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоҳиба анҷом дод, ки фишурдаи онро пешкаши шумо мегардонем. -Шаҳло Абдураҳимова, ба равобити Тоҷикистон бо ЮНЕСКО 19 сол пур шуд. Дар ин муддат аз ҷониби ЮНЕСКО дар Тоҷикистон чӣ корҳо анҷом дода шуданд? Ташкилоти байналмилалии ЮНЕСКО ташкилоти бонуфузи Созмони Миллали Муттаҳид ба ҳисоб рафта, солҳои зиёд баҳри густариши ҳамкорӣ, таҳкими сулҳ дар ҷаҳон, пойдории фазои дӯстӣ аз тарики илм, фарҳанг ва маориф фаъолият менамояд. 16 ноябри соли 1945 оинномаи Созмони мазкур аз тарафи 20 давлат қабул гардида, 4 ноябри соли 1946 эътибори қонунӣ гирифт ва 193 давлати ҷаҳон онро пазируфт.Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви мустақили ҷомеаи ҷаҳонӣ 6 апрели соли 1993 аъзои ЮНЕСКО гардид ва худи ҳамон сол дар Вазорати корҳои хориҷӣ Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО таъсис дода шуд. Комиссияи миллӣ ҳамчун узви ҳамоҳангсоз фаъолият намуда, мақсаду мароми ЮНЕСКО-ро ҷиҳати таҳкими сулҳ дар кишвар тайи 19 сол амалӣ месозад.Дар ин муддати на он қадар тӯлонӣ ҳамкориҳои дуҷонибаи ЮНЕСКО ва Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле назаррас ва самарабахш буданд. Сафари расмии собиқ Дабири Кулли ЮНЕСКО ҷаноби Коичиро Матсуура ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 3 маротиба аз Тоҷикистон дидан кардааст, далели гуфтаҳои болост.Дар рафти ҷаласаи 33-уми Конфронси Генералии ЮНЕСКО соли 2005 дар шаҳри Париж рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор гардиданд. Дар ин чорабинӣ Созишномаи тафоҳум байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони ЮНЕСКО баста шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иштирокчии фаъоли конфронсу симпозиумҳои байналмилалии ЮНЕСКО буда, баҳри пойдории сулҳ дар ҷаҳон саҳми босазо мегузорад.Дар доираи барномаҳои Созмон 1150- солагии Абуабдулло Рӯдакӣ ва 100-солагии Мирзо Турсунзода (2009) ба рӯйхати ҷашнвораҳои ЮНЕСКО ворид гардида, соли сипаригардида бо шаҳомати хосса таҷлил гардид. Ҳамзамон пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе соли 2002-2003 аз тарафи ЮНЕСКО ҳамчун «Шаҳри сулҳ» шинохта шуд. -Ҷиҳати боз ҳам густариш ёфтани муносибот чӣ тадбирҳо андешида шудаанд? -Имрӯзҳо дар Тоҷикистон бо ташабусси Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО 4 клуби ЮНЕСКО, аз зумраи Маркази рассомии «МИНО», Маркази маъюбон ва кӯдакони қобилияташон махдуди «Спешал Олимпикс», Маркази омӯзишии «Мултикид» ва Шӯрои ҷамъиятии ақаллиятҳои муқими Тоҷикистон (аз зумраи қазоқҳо, коресҳо, ӯзбекҳо ва дигарон),ва 9 адад мактаби махсусгардонидашудаи ЮНЕСКО (ASP) идеяҳои ЮНЕСКО-ро баҳри густариши робитаҳои фарҳангӣ, илм ва маориф тарғиб намуда, аз тариқи барномаҳои худ баҳри баланд бардоштани савияи дониши кӯдакон, шаҳрвандон ва сифатан беҳтар намудани он тавассути барномаҳои ЮНЕСКО фаъолият доранд.Ҷиҳати пешниҳод ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ва муаррифии бевоситаи мероси фарҳангии моддӣ, табиӣ ва ғайритабиии Тоҷикистон ҳамкории зич миёни Комиссияи миллӣ бо Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, Вазорати маориф, Вазорати фарҳанг ва ташкилотҳои давлатию ғайридавлатӣ мавҷуд аст.Дар марҳилаи ҳамкориҳо дар ҷумҳурӣ ду кумита, аз ҷумла Кумитаи биоэтика «Одам ва биосфера» ва «Кумитаи гидрология» назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки ин бахшҳо яке аз самтҳои асосии пешбурди илм ва маорифи созмон ба шумор рафта, метавонанд барои муаррифии минбаъда ва кор дар масъалаҳои экологӣ, омӯзиши захираҳои обӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Чаноби Олӣ, Президенти кишварамон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диққати хосса дода мешавад, корҳои зиёдеро ба сомон расонанд.Мавриди зикр аст, ки аз ҷониби Чаноби Оли, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои ЮНЕСКО дар ҳама бахшҳои он таваҷҷухӣ хоссае доранд.Ин буд, ки зимни сафари Дабири кулли ЮНЕСКО Коичиро Матсуура ба Душанбе соли 2009, Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими муносибатҳои Тоҷикистон ва созмони ЮНЕСКО ва истиқрори сулҳ дар минтақа бо медали тиллои ЮНЕСКО сарфароз гардонида шуд.Ҳамчунин, 17 сентябри соли 2008 дар Дафтари Марказии ЮНЕСКО маросими супоридани ҷоизаи пурифтихор — «Санъаткори ҷаҳон» ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Амриддин Аминов баргузор гардид. –Фарҳанг ва ёдгориҳои тоҷиконро ҷомеаи ҷаҳонӣ чӣ гуна қабул доранд?Фарҳанги тоҷикон ҷаҳониёнро мафтун намудааст. Ҳунарҳои мардумӣ, кандакорӣ, гулдӯзӣ ва зардӯзӣ боиси он гардидаанд, ки санъати кишвар дар арсаи байналмилалӣ қадрдонӣ шудаанд. Воридшавии ёдгории таърихии «Саразм» ба рӯйхати мероси умумиҷаҳонӣ ва шоҳасари «Шашмақом» ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО аз дастовардҳои аввалин ва назаррас ба шумор мераванд.Мероси мусиқии кадимаи тоҷикон — «Шашмақом» шоҳасари безаволи ғайримоддии фарҳангӣ шинохта шуда, бо ташаббусу ғамхориҳои Президенти кишвар ҳамасола дар кишвар 12 май ҳамчун рӯзи «Шашмақом» таҷлил мешавад.Омодасозӣ ва пешниҳоди маводҳои «Боѓи миллии Тоҷикистон», «Шоҳроҳи бузурги абрешим», ки ба он 8 ёдгории таърихии мо аз ќабили «Тахти Сангин, ќалъаи Хулбук, ќалъаи Хисор, масҷиди Хоҷа Машҳад, мамнунгоҳи Даштиҷум, Ямчун, ва д. ба Сардафтари ЮНЕСКО барои баррасӣ дар чалласаи навбатии ЮНЕСКО барои соли 2013-2014 пешниҳод гаштаанд. Инчунин номзадии шайх Абдураҳмони Чомӣ ва Мир Саид Алии Хамадонӣ ба феҳристи шахсони маъруфи ЮНЕСКО,барои баррасии солҳои 2013-2014 омода шудаанд.Дар доираи барномаҳои ЮНЕСКО дар бахши илму маориф низ баъзе пешравихо хаст, аз ҷумла аз зумраи толибилмон, муаллимон ва унвончуён иштироки фаъол дар конфронсу семинарҳои дохили давлати ва минтакавӣ хамачониба таъмин карда шуда, тачрибаи пешкадам ва табодулли афкор дар ин самтҳо дида мешавад.Хамасола барнома ҳои махсуси ЮНЕСКО барои толибилмон, донишҷўёну унвонҷуён аз Чумҳурии Халќии Чин, Федератсияи Россия, Малаазия, ҷумҳурии Корея ва дигарон пешкш мегардад. Дид ва пешниҳодҳои шумо оиди татбиќи нақшаҳои минбаъдаи ЮНЕСКО дар Тоҷикистон. Ба ифтихори 19-солагии ҳамкориҳои дуҷониба бо ЮНЕСКО ва таҳкими сулҳу субот дар Тоҷикистон иҷрои як қатор лоиҳаҳо ва чорабиниҳои фарҳангию илмӣ дар назар аст.Барои боз хам таквият бахшидан ва ба сатхи сифатан нав бар рох мондани муносибатхои дучониба бо ЮНЕСКО ва расидан ба хадафи олии кишварамон хуб мебуд, агар: 1.Хамкориии зич миени Комисиияи миллӣ ва сохторхои мавҷудаи кишвар, ки бо ЮНЕСКО иртибот доранд, ба рох монда шуда,фикру акидахои коршиносони сохави ба назар гирифта шаванд.2. Кушодани намояндагии Точикистон дар Фаронса ва ё таъини намояндаи он дар ЮНЕСКО ҷиҳати ҳамоҳангсозии лоиҳаву баёни хостаҳои кишвар ба ЮНЕСКО.3. Пешниҳоди лоиҳаҳои барои ҷумҳурӣ зарурӣ, аз қабили масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, ҷалби мутахассисони лаёқатманд ба муассисаҳои илмӣ, рушди инноватсионӣ дар кишварамон ва масъалаҳои гендерӣ. 4. Истифодаи ҳаматарафаи потенсиали мавҷудаи дохили кишвар ва ЮНЕСКО дар таҳким ва амалишавии навовариҳо дар самти илм, маориф ва фарханг. Дар ин росто месазад ҷиҳати густариш, таҳким ва пешбурди сиёсати Чумҳурии Тоҷикистон баҳри таҳкими муколламаи байнифарҳангӣ, интишори модели истиқрори сулҳ дар мисоли Тоҷикистони соҳибистиқлол ва муаррифии фарҳанги қадимаи тоҷикон ба ҷаҳониён аз тариқи ин созмони бонуфуз, даъват ба амал орем! Мусоҳиб Дилшодаи Хайруллоҳ

Апрель 19, 2012 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар соҳаи маорифи шаҳри Роғун 463 тонна ангишт, 215 метри мукааб ҳезум ва 2320 литр сӯзишвории дизелӣ захира шудааст
Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума гардид
Дар Институти биологии Помир гармхонаи муосир сохта шуд
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Қариб 500 техникаи роҳнигоҳдорӣ ба мавсими сармо омода аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Санкт-Петербург бо диаспораҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯриҳо доир гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» ҷоизаҳо супорида шуданд
Бастаҳои «MIX»: интернети бештар бо нархи камтар
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад