Ҳосили фаровони меваю сабзавот пешгӯӣ мешавад
Душанбе, 23 май.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз Раёсати кишоварзии вилояти Хатлон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки имсол боғдорону сабзавоткорони вилоят ҳосили фаровони меваю сабзавоти барвақтӣ ба даст оварда, дар баробари таъмини бозори дохилӣ, содироти онро ба хориҷи кишвар низ зиёд хоҳанд кард.Ба иттилои манбаъ хоҷагиҳои деҳқонии вилоят дар майдони беш аз 5 ҳазор гектар пиёзи барвақтӣ кишт кардаанд. Тибқи ҳисоби пешакӣ зиёда аз 200 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ хоҳад шуд.Танҳо дар ноҳияи Қумсангир дар майдони 780 гектар пиёзи барвақтӣ кишт шудааст. Ба замми ин дар вилоят дар майдони 4 ҳазор гектар картошкаи барвақтӣ кишт шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 ба андозаи 25 фоиз зиёд аст. Ин дар мавриде гуфта мешавад, ки дар айни замон дар бозорҳои шаҳри Душанбе нархи як кило картошкаи барвақтӣ 6-7 сомонӣ ва пиёз бо нархи 3-3,5 сомонӣ ба фурӯш бароварда шудааст. Дар давоми як ҳафтаи охир нархи картошка ва пиёз ду баробар боло рафтааст, ки ин боиси нигаронист.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






