Ба боғу токпарварон чӣ шуд?
Душанбе, 18 май.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти мутахассисони боғу токпарварии Вазорати кишоварзӣ, то 1-уми майи соли 2012 дар ҳамаи сохторҳои хоҷагиҳои ҷумҳурӣ 8 ҳазору 463 гектар боғи нав бунёд карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 ба андозаи 23,1 фоиз камтар аст. Аз масоҳати умумии боғҳои нав дар масоҳати 2 ҳазору 81 гектар мевагиҳои тухмдор, дар 5 ҳазору 382 гектар мевагиҳои донакдор, дар 732 гектар мевагиҳои мағздор ва дар 264,5 гектар ниҳоли субтропикӣ шинонда шудааст. Аз масоҳати умумии боғҳои нав 1859 гектарашро дар заминҳои лалмӣ бунёд намудаанд.Дар 4 моҳи аввали соли ҷорӣ 620 гектар токзори нав бунёд шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 41,5 фоиз камтар мебошад. Саволи матраҳ ин аст, ки ба боғу токпарварон чӣ шуд, ки онҳо иҷрои нақшаи боғу токпарварро амалӣ карда натавонистанд?








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






