Баргузории «Намоишгоҳи дуюми байналмилалии китоби Душанбе»

Май 21, 2012 14:32

                             Китоб аст, ки таърихи куҳанбунёди мо, ганҷинаҳои тамаддуни башарӣ, дурдонаҳои назми ҳазорсолаи мо,  достонҳо ва илму дониши                               даврони бостонӣ, хираду заковати наслҳо ва халқҳоро зинда нигоҳ медорад.                                                                                        Эмомалӣ РАҲМОН Рӯзҳои 24-26 майи соли 2012 дар пойтахти Ватани азизамон шаҳри Душанбе «Намоишгоҳи дуюми байналмилалии китоби Душанбе» баргузор мегардад. Созмондиҳандаи намоишгоҳ Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, корҳои амалии тадорукот ва баргузории он ба ӯҳдаи Муассисаи нашриявии «Адабиёти бачагона» вогузор шудааст. Роҷеъ ба вижагиҳои баргузории Намоишгоҳ сӯҳбате доштем бо муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Шариф Комилзода, ки фишурдаи онро манзуратон мегардонем. — Дар «Намоишгоҳи дуюми байналмилалии китоби Душанбе» ноширон ва намояндагони чанд мамлакати ҷаҳон иштирок менамоянд?- Дар «Намоишгоҳи дуюми байналмилалии китоби Душанбе» созмонҳо, муассисаҳо ва ширкатҳои интишоротӣ, тоҷирони китоб, анҷуманҳои ноширон ва тавзеъкунандагони китоб, ожонсиҳои адабӣ ва иттилоотии 16 мамлакати ҷаҳон, аз қабили Арманистон, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдавия, Озарбойҷон, Покистон, Русия, Тоҷикистон, Туркия, Туркманистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон, Чин, Ҷопон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон барои муаррифии китобҳои тозанашри худ иштирок менамоянд. Дар Намоишгоҳ барои намоиш, фурӯш ва вогузории ҳуқуқи чопи китобҳо дар мавзӯъҳои гуногун, ҷузваҳо, нашрияҳои даврӣ, албому китобҳои мусаввар, лавҳаву буклет ва дигар маҳсулоти чопӣ ба намоиш гузошта мешавад. Тибқи Низомномаи Намоишгоҳ Кумитаи тадорукот ғурфаи муҷаҳҳаз ба андозаи 6х2 м, рафҳои китобгузорӣ, мизу курсӣ ва соири васоити заруриро ройгон ба ихтиёри ширкаткунандагон вогузор менамояд ва ширкаткунандагон метавонанд маводи намоиширо ба сифати намуна барои имзо намудани шартномаҳои тиҷоратӣ ва ҳамкориҳои иқтисодӣ истифода намоянд, ба фурӯш расонанд ва ё чун ҳадя ба ихтиёри бинандагони Намоишгоҳ гузоранд. — Андешаҳои Шумо роҷеъ ба сатҳу сифати баргузории Намоишгоҳи дуюми байналмилалии китоби Душанбе ва тафовути он аз Намоишгоҳи якум? — Намоишгоҳи дуюм нисбат ба намоишгоҳи якум як силсила бартариҳо дорад. Аввалан, теъдоди ширкаткунандагони ватанию хориҷӣ тадриҷан зиёд гардид, сониян, асноди коргузорӣ ва санадҳои марбут ба фаъолияти Намоишгоҳ сари вақт таҳия шуда, иттилоъ доир ба ҷараёни ин чорабинӣ тавассути расонаҳои хабарӣ пайваста пахш гардид. Сеюм, дар доираи чорабиниҳои Намоишгоҳ 5 озмун ҷамъбаст гардида, ғолибон бо дипломҳо ва мукофотҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд. Чаҳорум, дар доираи Намоишгоҳ баргузории чорабиниҳои илмӣ ва фарҳангӣ: конфронсу семинарҳо бо иштироки мутахассисони ватанию хориҷӣ ва барномаи ҷолиби консертӣ бо иштироки беҳтарин ҳунармандони ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар тӯли се рӯзи баргузории Намоишгоҳ муаррифии китобҳои тозанашри муассисаҳои интишоротии «Адиб», «Маориф ва фарҳанг», «Адабиёти бачагона», «Нашриёти давлатии ба номи Раҳим Ҷалил», «Эр-Граф», «Бухоро» ва вохӯрӣ бо 10 адиби тоҷик: Гулназар Келдӣ, Абдулҳамид Самадов, Камол Насрулло, Сайидалӣ Маъмур, Кароматулло Мирзоев, Зулфия Атоӣ, Муҳаммад Ғоиб, Ҷӯра Ҳошимӣ, Ҳадиса Қурбонова ва Раънои Мубориз доир мегарданд. Инчунин конфронси байналмилалии илмӣ доир ба мавзӯи «Китоб ва нақши он дар густариши робитаҳои фарҳангии кишварҳои ҷаҳон» ва семинари омӯзишии «Дизайн ва ороиши китоб» бо иштироки донишмандони Институти Гётеи Олмон ва ноширони кишвар баргузор мегарданд. — Роҷеъ ба мақсад ва вижагиҳои баргузории озмунҳои Намоишгоҳи дуюми байналмилалии китоби Душанбе маълумот медодед? — Мақсади асосии озмунҳои Намоишгоҳи дуюми байналмилалии китоби Душанбе тарғибу ташвиқи ҳамаҷонибаи китоб дар байни аҳолӣ ва боло бурдани сатҳи мазмуну мӯҳтаво, мундариҷа, ороиш, тарроҳӣ ва чопи китоб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Озмун фарогири чаҳор мавзӯъ (номинатсия), аз ҷумла «Беҳтарин китоби бадеӣ», «Беҳтарин китоби дарсӣ», «Беҳтарин ороиши бадеӣ» ва «Беҳтарин китоби бачагона» буда, барои ҳар як мавзӯъ се ҷойи ифтихорӣ пешбинӣ шудааст. Ба озмун аз ҷониби ноширони ватанӣ 76 номгӯй китобу ҷузва пешниҳод гардидааст, ки баъд аз баррасию баҳогузорӣ рӯзи 27 май дар консерти хотимавӣ ба ғолибони озмун диплом ва ҷоиза ба таври тантанавӣ супорида мешавад. Озмуни панҷум таҳти унвони «Биё, китоб хонем!» барои мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, омӯзишгоҳҳо, коллеҷҳо, литсейу гимназияҳое, ки омӯзгорону шогирдони онҳо аз намоишгоҳи қаблӣ фаъолона боздид кардаанд, доир мегардад ва ба ғолибони ҷойи якум – диплом ва 1000 нусха китоби тозанашр, барои ҷойи дуюм – диплом ва 700 нусха китоби тозанашр, барои ҷойи сеюм – диплом ва 500 нусха китоби тозанашр супорида мешавад. — Аҳамияти баргузории Намоишгоҳи байналмилалии китобро чӣ гуна арзёбӣ мекунед? — Намоишгоҳи байналмилалии китоби Душанбе барои густариши ҳамкориҳои мутақобилаи муассисаҳои интишоротии ватанию хориҷӣ, баланд бардоштани сифату самарабахшии фаъолияти ноширӣ, барқарорсозии иртиботи корӣ байни ноширон, иттиҳодияҳои савдои китобӣ, китобдӯстону китобшиносон аҳамияти калон дорад. Бахусус, барои ҷалби ҷомеа ба хонишу донишандӯзӣ, тарғибу ташвиқи китобҳои тозанашр мусоидат карда, роҳҳои минбаъдаи фаъолияти муассисаҳои табъу нашрро муайяну мушаххас менамояд. — Ба ақидаи Шумо барои тарғиби ҳамаҷонибаи китоб боз кадом корҳоро метавон ба анҷом расонд, ки таваҷҷӯҳи ҷомеа ба китобу китобхонӣ бештар ҷалб шавад? — Сараввал моро зарур аст, ки дар қалби фарзандони хурдсоли худ меҳру муҳаббати беандозаро нисбат ба китобу китобхонӣ парвариш намоем ва сатҳи фарҳанги иттилоотии онҳоро баланд бардошта, барои такмили майлу рағбати китобхонии онҳо шароити мусоид фароҳам оварем. Илова бар ин, бисёр хуб мешуд, ки ҳангоми таълиф ва нашри китобҳо эҳтиёҷоти ҳар як гурӯҳи хонандагон, бахусус кӯдакону наврасон, талабу дархост ва майлу рағбати онҳо ба инобат гирифта шаванд. Бештар китобҳое ба табъ расанд, ки дархӯри масоили мубрами замона бошанд, барои худшиносиву худогоҳии мардум, ташаккули сатҳи маърифату маънавияти онҳо мусоидат намоянд. Дар радифи таълифу чопи китобҳо ба забони тоҷикӣ доир ба таърих, фарҳанг, табиати биҳиштосои Тоҷикистон тарҷумаи онҳо ба забонҳои маъруфи дунё низ ба роҳ монда шавад, чунки тавассути он мо метавонем арзишҳои волои миллӣ ва дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлоли худро бештар муаррифӣ намоем. Ин аз як ҷониб имкон медиҳад, ки мо ба ҷаҳониён ҳарчи бештару беҳтар фарҳангу тамаддуни хешро тарғиб намоем, аз ҷониби дигар, барои ҷаҳонишавии хониши китоби тоҷик шароит муҳайё созем. — Ташаккур барои сӯҳбати самимӣ.Мусоҳиб Дилшодаи ХАЙРУЛЛОҲ

Май 21, 2012 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба вилояти Хатлон 13 электромотороллер тақдим намуд
Эълони Озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» иқдоме дар роҳи худшиносии миллӣ аст
МегаФон Тоҷикистон ба аккумуляторҳои шакли нав мегузарад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Байни мақомоти авиатсионии Тоҷикистон ва Покистон Ёддошти тафоҳум ҷиҳати рушди ҳамкории авиатсионӣ ба имзо расид
Майдони «Истиқлол»-и Душанбе ба макони писандидаи сокинону меҳмонони пойтахт табдил ёфтааст
Сокинони деҳаи Қаҳрамони ноҳияи Шаҳринав бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон хавфи омадани сел боқӣ мемонад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Мавсими оббозӣ дар кӯли шаҳри Бӯстон оғоз гардид
Смартфонҳои беҳтарин бо интернети босуръат
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад