Иштироки «Ҷавонони рақамӣ»-и Тоҷикистон дар лагери навовариҳои Осиёи Марказӣ

Май 31, 2012 10:21

Душанбе, 31 май. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).-12 нафар беҳтарин иштирокчии анҷумани «Ҷавонони рақамии Тоҷикистон», ки моҳи апрели соли равон бо мусоидати барномаи Институти «Ҷамъияти Кушода»- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дар шаҳрҳои Кӯлоб, Хуҷанд ва Душанбе доир гардида буд, дар kагери навовариҳои иҷтимоии Осиёи Марказӣ (SICamp), ки аз 31 май то 3 июн дар Алмаато баргузор мегардад, ширкат мекунанд. Дар лагер намояндагони Тоҷикистон имконият пайдо мекунанд, ки дар қатори 60 нафар ҳамсолони худ аз Қазоқистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон лоиҳаҳои тайёр ва идеяҳои худро амалӣ намоянд. Тӯли 2 рӯз онҳо бояд ба таври даставӣ 7 лоиҳаи навоваронаи иҷтимоиро бисозанд. Барои иштирок ба лагери мазкур 138 дархост ва беш аз 50 идея аз ҷониби барномасозон, тарроҳон, журналистон, блогерон ва намояндаҳои ТҒД пешниҳод шуда буд.Кори дастаҳоро ҳайати ҳакамон, ки ба он коршиносони ТИК, ташаббусҳои шаҳрвандӣ аз Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистон гирд омадаанд, арзёбӣ мекунад. Узви ҳайати ҳакамонро аз Тоҷикистон сардори департаменти автоматикунонии ҶСП «Вавилон-М» Ҷаъфар Осимов намояндагӣ мекунад.

Май 31, 2012 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд