Иштироки «Ҷавонони рақамӣ»-и Тоҷикистон дар лагери навовариҳои Осиёи Марказӣ
Душанбе, 31 май. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).-12 нафар беҳтарин иштирокчии анҷумани «Ҷавонони рақамии Тоҷикистон», ки моҳи апрели соли равон бо мусоидати барномаи Институти «Ҷамъияти Кушода»- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дар шаҳрҳои Кӯлоб, Хуҷанд ва Душанбе доир гардида буд, дар kагери навовариҳои иҷтимоии Осиёи Марказӣ (SICamp), ки аз 31 май то 3 июн дар Алмаато баргузор мегардад, ширкат мекунанд. Дар лагер намояндагони Тоҷикистон имконият пайдо мекунанд, ки дар қатори 60 нафар ҳамсолони худ аз Қазоқистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон лоиҳаҳои тайёр ва идеяҳои худро амалӣ намоянд. Тӯли 2 рӯз онҳо бояд ба таври даставӣ 7 лоиҳаи навоваронаи иҷтимоиро бисозанд. Барои иштирок ба лагери мазкур 138 дархост ва беш аз 50 идея аз ҷониби барномасозон, тарроҳон, журналистон, блогерон ва намояндаҳои ТҒД пешниҳод шуда буд.Кори дастаҳоро ҳайати ҳакамон, ки ба он коршиносони ТИК, ташаббусҳои шаҳрвандӣ аз Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистон гирд омадаанд, арзёбӣ мекунад. Узви ҳайати ҳакамонро аз Тоҷикистон сардори департаменти автоматикунонии ҶСП «Вавилон-М» Ҷаъфар Осимов намояндагӣ мекунад.








Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд






