Китоб- сарчашмаи дониш

Май 18, 2012 09:26

Душанбе, 18 май. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Бо ташаббуси Вазорати фарҳанг рӯзҳои 24-26 май дар шаҳри Душанбе Намоишгоҳи дуюми байналмилалии китоб баргузор мегардад. Дар ин ҳамоиши бузург маҳсули эҷоди шоирону нависандагон, ки дар нашриёти гуногун рӯи чопро дидаанд, пешкаши тамошобинон хоҳад гашт. Тибқи нақша рӯзҳои баргузории намоиши китоб вохӯрии хонандагон бо 10 нафар шоиру нависандаи маъруф, муаррифии 10 китоби тозанашри беҳтарини интишороти ватанӣ, конфронси илмӣ дар мавзӯи «Китоб ва нақши он дар робитаҳои фарҳангии кишварҳои ҷаҳон», семинар бо ширкати 16 нафар ношири ватаниву хориҷӣ доир хоҳад шуд. Ҳамчунин тавре ки масъули баргузории ин чорабинӣ директори Муассисаи нашриявии «Адабиёти бачагона» Наҷмиддин Зайниддинов иттилоъ дод, баъди намоиши китоб консерт-марафон бо ширкати овозхонони машҳури ҷумҳурӣ баргузор мегардад.

Май 18, 2012 09:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд