Зи дунёи дарунаш роз бикшоем

Май 17, 2012 10:40

Ба муносибати 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мӯъмин Қаноат
 
IДушанбе, 17 май. (АМИТ «Ховар»). — Ҳам шеъру достонҳои устод Мӯъмин Қаноат, ҳам навиштаҳоро дар бораи шеъри ӯ бисёр хондаам. Бо вуҷуди ин ҳар дафъа, ки китоби ашъори ӯро варақ мегардонаму шеърҳоеро, ки борҳо хондаам, аз нав мутолиа мекунам, паҳлуҳову қишрҳои тозаи сухан, ҷилову тобишҳои нави маҳорати суханварии ин шоири мумтозро барои худ кашф менамоям. Ба таъбиру тасвирҳое рӯбарӯ мешавам, ки қаблан аз онҳо сатҳӣ убур кардаам, маъниву ҳикматҳоеро дармёбам, ки борҳо гуё дидааму шунидаам, вале сари онҳо тааммуқ накардаам, сарсарӣ гузаштаам, онҳоро, ба истилоҳ, нашинохтаам. Борҳо гуфтаему навиштаем, ки Эраҷ Мирзо ба манзалату мартабаи модар басо арҷ гузоштааст, устод Мирзо Турсунзода бо ёди модар дар ба дари деҳа гашта, симои ӯро тасаввур ва тасвир кардааст, устод Лоиқ чеҳраву сиришти модари тоҷики кӯҳистониро бо орзуву ормонҳояш, бо муҳити зисту ҷаҳони маънавияш офаридааст. Вале надидаему нагуфтаем, ки модари устод Қаноат Бо табассум, бо такаллум, бо шитоб Мебаромад ҳар саҳар чун офтоб. Ва ҳангоме ки ин офтоб ба ғуруби абадӣ рафт, фарзанд ӯро «бо ду чашми чор» кофту оқибат тимсоли ӯро дарёфт: Аз баландӣ бо табассум, бо шитоб Мебаромад ин пагоҳӣ Офтоб. Гарчи ҳамчун меҳри ман пурнур буд, Аз бари ман, аз сари ман дур буд. Мӯъмин Қаноат шоирест, ки ба воқеаву ҳодисаҳои рӯзгор бо диди пурвусъати эпикиву фарогир менигарад, манзару панорамаи рӯйдодҳоро бо хусусиёти умда ва моҳияти аслии онҳо мебинаду тасвир мекунад. Ӯ аз пургӯӣ ва тафсилоти мавзӯъ парҳез дорад, ишораҳои гӯёву нишонрасеро меписандад, ки ҳадафгӯ бошанд. Дар чанд мисраъи оғози «Суруди охирин», масалан, чанд китобу чандин достон маънӣ аз сарнавишти таърихии ватанамон ва хислатҳои умдаи миллат бо ишораҳои муҷазу ихчам, бо ниҳояти ифтихор аз як сӯ ва ниёишу лобаи самимона, аз ҷониби дигар, ифода ёфтааст; Ба тундӣ хашми дарёям, Ба тамкин сабри саҳроям, Ба нармӣ чун дили ошиқ, Ба сахтӣ санги хороям, Ба савдо рафта дунё чун Самарқанду Бухороям, Макун дигар ту савдоям… Савтиёту оҳанг, сифатчинӣ, мушобеҳот ва таносуби садоҳову маъниҳо намегузоранд, ки хонандаи соҳибзавқ ва маънифаҳм аз ин мисраъҳо сарсарӣ бигзарад. Мӯъмин Қаноат шоири хеле ҳассос аст, парвози тахайюлоти ӯ кайҳонист, вале дар айни замон ҳангоми тасвиркорӣ таъбироту таркиботе, ки шоир барои ифодаи ҳадаф ва ҷилвагар намудани манзара истифода мебарад, он манзараро на танҳо тасаввурпазир, балки диданиву воқеӣ пеши назар меорад. Нақлу ҳикоят дар ашъори ғаноии Мӯъмин Қаноат мавқеъи назаррас надорад, балки мадхали муҷазест, ки хонандаро ба дарку тасаввури манзара ҳидоят менамояд; Он ҷо, ки тани шаҳиди шоир Хуншор ба рӯи хок ғалтид, Оғуштаи хуну ранги дар ранг Як хирмани гул зи хок сабзид. Ин пора аз шеъри «Кӯҳи маъшуқ» иқтибос шуд, ки ба хотираи шоири шаҳир ва шаҳиди рус Михаил Лермонтов дар қатлгоҳи ӯ гуфта шудааст. Ва пас аз ин мадхали муҷаз пеши назари мо манзараи фаҷеъе падид меояд, ки тавассути ташбеҳоту ташхисоти гӯёву пурҷилои аҷзои табиат офарида шудааст: Ҳар лолаи доғдори пурхун Гӯё ки зи каф фитода ҷомест, Ҳар ғунчаи дарфиғони хомeш Як шеъри бадарди нотамомест. Агар аз таъкиди аҳамияти мавзӯъҳову мӯҳтавои шеъру достонҳои устод Мӯъмин Қаноат, ки мақолаву рисолаҳои бисёр дар ин хусус навишта шудаанд, бигзарем, бузургтарин ва назаррастарин хидмате, ки ӯ барои адабиёти мо, хусусан барои таҳаввули шеър кардааст, ин аст, ки баъд аз устодон Лоҳутиву Турсунзода фосилаи байни шеъри муосир ва шеъри классикии тоҷикро ба маротиб кӯтоҳ кард, риштаи пайванди шеъри гузаштагону имрӯзиёнро гиреҳи тоза зад. Аввалан, ӯ забони шеърро аз луғоти ба шеър номуносиб, аз тарақотуруқҳо, аз калимоту таркиботи омиёна софу тамйиз карда, ба ин васила сатҳи шеъри муосирро ба зинаи сифатан нав бардошт, нафосат, салосат ва асолати шеъри тоҷикиро эҳё намуд. Пурбории калимаҳо, рехтагии таъбирот, равшании маъниву ҳадаф, истеҳкоми лафзу мантиқ, таносуби савту маънӣ — ин ҳама сифатҳое ҳастанд, ки махсуси ашъори устод Мӯъмин Қаноат мебошанд. Бубинед, дар ин як банди мусалласи кӯтоҳи «Мезебад», агар таваҷҷeҳ ва тааммуқ бикунед, ҳамаи сифатҳои мазкурро дармеёбед: Моҳ дар рӯи ту ватан дорад, Мавҷ аз зулфи ту шикан дорад, Ҳардуро обу тоб мезебад. Ин сифатҳоро устод Мӯъмин Қаноат аз заруриёт ва мураккаботи аслии шеър медонад ва ин маъниро дар оғози достони «Суруши Сталинград» ҳамчун мароми эстетикӣ ва шоирии худ эълом доштааст. Вазну тамкин, қудрати ҷонофарин, сеҳри мурдаро зинда гардонидан, дорои муҳит, умқу фароз ва мадду ҷазри худ будани сухани шоирро устод Мӯъмин Қаноат шарти ҳатмии шеъри асил меҳисобад. Моҳияти фалсафии диди эстетикии ӯ низ бар ҳамин аслҳо асос гирифтааст. Хонандаи закӣ ин ҳақиқатро аз мутолиаи шеъру достонҳои устод ба осонӣ дармеёбад, ва ин нукта аз ҷониби адибон кайҳо пазируфта шудааст. II Аз сӯҳбатҳои устод Мӯъмин Қаноат дар мавзeъҳои адабиёт, фарҳанг, забон, таърих ва хусусан дар бораи рисолати шеъру шоир дар ҷашнҳои адибону олимон ва конфронсу симпозиумҳои адабиву илмӣ бисёр бархурдор шудаем. Ӯ маъмулан бидуни матн ва аксаран бадоҳатан сухан мегӯяд. Суханронии устод аз маърӯзаҳову музокараҳои дигарон ҳамеша бо фарогирии паҳлуҳои гуногуни мавзӯъ, муқобалаву муқояса, диди амиқу борикбин, таҳлилҳои иҷтимоиву ирфонӣ ва бадеияти шоирона фарқ мекунад. Боре баъди суханронии устод дар як ҷаласаи адабӣ Гулназар, ки дар паҳлӯям менишаст, бо ваҷд гуфт, ки торҳои майнаву асаби Мӯъмин Қаноат гӯиё антеннаҳое доранд, ки мавҷҳои андешаву донишро аз фазои бекарон ба худ мекашанд ва тафаккури устодро бо иттилооту ғизои хосаву зарурӣ таъмин мекунанд. Ин, албатта, як мушоҳидаи шоирона буд, ки зимнаш ҳақиқати нисбие шояд дошта бошад. Вале мусаллам аст, ки ҳар суханронии устод дар ҷаласаҳои адабиву илмӣ як мақолаи мутаммам оид ба мавзeи мушаххас аст, ки, мутаассифона, рӯи коғаз наомадааст. Ин ҷо мехоҳам аз ду сӯҳбати устод Мӯъмин Қаноат ёд кунам, ки яке дар доираи илмӣ ва дигар дар доираи адабӣ сурат гирифта буд. Сӯҳбати якум моҳи декабри соли 1987 дар Институти адабиёти ҷаҳони ба номи Максим Горкийи Академияи илмҳои ИҶШС воқеъ шуд. Он сол дар Тоҷикистон ҷашни 100-солагии устод Абулқосим Лоҳутӣ дар доираҳои адабиву илмӣ, мактабҳои миёнаву олӣ ва аҳли ҷамоат хеле васеъ ва пуртантана таҷлил гардид. Ҷашнвора мебоист дар шаҳри Москва бо конфронси илмӣ дар Институти адабиёти ҷаҳон ва бо шоми адабиву ҳунарӣ дар толори сутундори Хонаи иттифоқҳо ҷамъбаст мешуд. Ба конфронси илмӣ аз Тоҷикистон як зумра олимони Лоҳутишинос бо сарварии Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон устоди зиндаёд Муҳаммад Осимӣ рафта будем.Устод Мӯъмин Қаноат, ки ташкили шоми адабиву ҳунариро ба ӯҳда дошт, дар конфронси илмӣ низ ширкат варзида, гузориши пурмӯҳтавое кард, ки мағзи он гузориш ҳоло ҳам ҳарф ба ҳарф дар гӯшам садо медиҳад. Ӯ аз ҷумла гуфта буд: «Дар ибтидои асри 20 шеъри тоҷикӣ рӯ ба инқироз ниҳода, кохи бузургу мeҳташами сухани бадеъ, ки қарнҳо равшану рангину муҷалло буд, андак-андак ба торикистон табдил меёфт. Танҳо дар баъзе гӯшаҳои он кох чанд нафар буданд, ки шамъи сухани шоиронаро фурӯзон медоштанд. Лоҳутӣ ба ин муҳит мисоли барқ омад ва он кохро пурнур гардонд…» Дар ин пораи тавсифиву тасвириву таҳқиқӣ аз суханронии кӯтоҳу пурмӯҳтавои устод Қаноат вазъи шеъри тоҷикӣ дар ибтидои қарни 20, аҳамияти вуруди Лоҳутӣ ба майдони адабиёти тоҷик ва нақши ӯ дар танвири кохи сухан чунон кӯтоҳ, фарогир, аниқ ва образнок ифода гардидааст, ки эҳтиёҷе ба илова кардани сухани дигаре бар он намемонад. Дар он конфронс банда то дараҷае зери таъсири ин суханони нишонраси устод будам ва онҳо зеҳнамро чунон тасхир карданд, ки дигар маърӯзаҳову суханрониҳои тӯлонӣ ба хотирам роҳ наёфтанд ва дар ёдам ҳам намонданд. Сӯҳбати дигари устод Мӯъмин Қаноат, ки дар ёдам нақш бастааст, зимистони соли 2001 дар хонаи эҷодиёти адибон дар мавзеъи Переделкино сурат гирифта буд. Он вақт банда узви раёсати Хазинаи байналмилалии адабиёт будам ва ба ҷаласаи навбатии он ҳамроҳи устод Қаноат рафтем. Аз рӯи нақшае, ки қаблан омода ва ба мо дастрас шуда буд, пас аз ҷаласа дар Переделкино дар мавзeи «Шеъри имрӯз: роҳҳои таҷаддуд» мизи мудаввар баргузор гардид, ки идораи маҷаллаи «Дружба народов» ташкил карда буд. Дар мизи мудаввар адибони маъруфи замони шуравӣ Римма Казакова, Евгений Евтушенко, Анатолий Парпара, Владимир Огнев, Михаил Шевченко (Доля Михаил), Владимир Некляев, адибон аз ҷумҳуриҳои Қафқоз ва соҳили Балтик иштирок доштанд. Кори мизи мудавварро сармуҳаррири маҷалла Александр Эбаноидзе бо сухани муқаддимавӣ оғоз бахшида, риштаи суханро ба Е. Евтушенко дод, ки мухтасар аз таҷрибаи «Тазкираи адабиёти Россия» -ро тартиб доданаш дар Амрико сӯҳбат кард, вале аз мавзӯи мизи мудаввар дур рафт. Раиси ҷаласа нороҳат шуд ва гӯё роҳи халосӣ аз вазъият ва имдод мехоста бошад, навбати суханро ба устод Мӯъмин Қаноат дод. Маро беихтиёр ҳаяҷони ботинӣ фаро гирифт, ки дар ин маҳфили «наҳангҳои» шеър устод аз чи оғоз мекардаву чи мегуфта бошад. Ӯ аз рӯи одат муддате сукут кард, сукути пурмаъно . Сипас ба гуфтор омад. Ба забони фасеҳи адабии русӣ, гӯё дар синфхонаи донишҷуён бошад, дар бораи шеър, махсусиятҳои шеъри ғаноӣ, рӯҳи граждании сухани шоир, мушаххасоти эҷоди ашъори эпикӣ чунон бо тамкину эътимод сухан мегуфт, ки ҳама ҳушу гӯш шуда буданд. Ҳисси ҳаяҷоне, ки қаблан вуҷуди маро фаро гирифта буд, андак-андак ба ҳиссиёти ифтихору ғурур аз ҳастии шоирона, дониши амиқу фарох, тарзи гуфтор ва вуҷуди солори устод мубаддал мешуд, ба худ меболидам, қабат-қабат гӯшт мегирифтам, дар косаҳои чашмонам ашки шодӣ ҳалқа мезад, худ ба худ мегуфтам: «Зиҳӣ, устод! Офарин, устод!» Пас аз анҷоми суханронии устод сармуҳаррири маҷаллаи «Дружба народов» аз ҷой бархост ва андаке сукут карду ҳаяҷономез гуфт: «Оре, намедонам, ки сухани гуфтание монд ё на. Мӯъмин Қаноат ба сифати муаллим ба мо дарси воқеӣ дод. Ӯро гӯш мекардаму аз ёдам сӯҳбати мӯйсафеди шаробпази гурҷӣ мегузашт. Мӯйсафед тарзи пухтани шаробро аз чидани ангур то нӯшиданӣ шудани он ҷузъ ба ҷузъ, лаҳза ба лаҳза ҳикоят карда буд. Мӯъмин Қаноат мисли ҳамон мӯйсафед ба мо аз ҳолат, усул, мӯҳтаво, техника ва ҳадафи шеър сабақе дод, ки дигар ҷову имконе бар он афзудан ҳам намонд». Дигар касе аз ҳозирин сухани муфассал нагуфт, мазмуни луқмаву нидоҳои онон аз доираи аҳсану офарин гуфтан ба устод фаротар нарафт… Ин ҷо ман танҳо аз ду лаҳзае ёдовар шудам, ки шояд онҳо барои шинохти шахсияти адабӣ, арзишу эътибори суханварӣ ва мақому манзалати миллии устоди азизамон Мӯъмин Қаноат равшание андозанд.. Шеъру достонҳои устод, агарчи дар бораи онҳо мақолаву рисолаҳо таълиф шудаанд, моломол аз розҳое ҳастанд, ки кушуданашон вазифаи аҳли адабу илм аст. Дар айёми ҷашни 80-солагии ин суханвари мумтоз дил мехоҳад пайваста нидо бикунад, ки :Зиҳӣ, устод; офарин, устод!Абдураҳмони Абдуманнон

Май 17, 2012 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«Россотрудничество» ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими Шаҳринав 300 номгӯй китоб тақдим намуд
Дастаи мунтахаби бадминтони Бадахшон соҳиби Ҷоми Федератсияи бадминтони Тоҷикистон шуд
Вазорати молияи Тоҷикистон бо шарикони рушд 18 созишнома ба имзо расонид
«ҶАВОНОН, ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ҲИФЗИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ». Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон вохӯриҳо доир шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон толори варзишӣ ифтитоҳ гардид
Дар Восеъ ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ ба зиёда аз 623 миллион сомонӣ расонида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт даври сеюми Фестивали «Таомҳои миллӣ» ва озмуни «Зеби дастархон» баргузор мегардад
РӮЗИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИКИСТОН. Бахшида ба он дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар Ҳисор ҷаласаи ситоди байниидоравии мақомоти таъмини амният ва тартибот доир гардид
Теъдоди бар асари заминларза зарардидагон дар Ҷопон ба 12 нафар расид