Ҳалокати ронанда аз беэҳтиётӣ
Душанбе, 19 июн. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Ронандаи автомашинаи тамғаи «Samand» бар асари як садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расид. Тибқи иттилои ВКД, рӯзи гузашта сарнишини сабукрави мазкур Азимхон Ғойибови 47-сола ҳангоми ҳаракат аз тарафи маҳаллаи Мирзобек ба самти кӯчаи Зебуниссои пойтахт дар рӯ ба рӯи нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ бо сабабҳои номаълум ба қафои автомашинаи тамғаи «Centrifuge», ки ронандааш Ноил Азимбоев будааст, бармехӯрад. Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи «Samand» Азимхон Ғойибов ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Мусофирони автомашинаи мазкур Гулрухсор Қурбоноваи 29- сола ва Гулсуной Абдурозиқоваи 58-сола, сокинони ноҳияи Рӯдакӣ ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






