Ҷавонон созандагони фардои Тоҷикистонанд
Душанбе, 8 июн. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 15-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ташаккули эҳсоси ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ, ифтихор аз созандагӣ ва бунёдкорӣ миёни ҷавонон силсилаи чорабиниҳоро доир менамояд. Аз ҷумла, барои баланд бардоштани фарҳанги сиёсӣ, худогоҳии миллӣ гузаронидани семинару мизҳои мудаввар дар қисмҳои низомӣ ва муассисаҳои таълимӣ, ташкили барномаҳои фарҳангӣ бо иштироки санъаткорони ҷавон, созмондиҳии Фестивали дӯстии ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд зери унвони «Ҷавонон- созандагони фардои Тоҷикистон», баргузории озмунҳои телевизионӣ миёни донишҷӯён бахшида ба 15-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, баргузории чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб, мусобиқаи тирандозӣ дар шаҳри Хуҷанд, мусобиқаҳои кишварии тенниси рӯи миз байни наврасон дар шаҳри Душанбе ва гӯштини миллӣ дар варзишгоҳи марказии пойтахт дар назар аст. Дар ин бора Ҷамолиддин Нуров, мудири бахши иттилоотию таҳлилии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.








Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид






