4 варзишгари «Динамо»- соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Лондон-2012
Душанбе, 1 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).-Имрӯз дар Вазорати корҳои дохилӣ вохӯрии роҳбарияти вазорат бо варзишгарони Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД Мавзуна Чориева, Парвиз Собиров ва Анвар Юнусов, ки ба олимпиадаи тобистонаи Лондон-2012 роҳхат гирифтаанд, баргузор гардид. Муовини вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Саидхон Ҷӯрахонов изҳори қаноатмандӣ намуд ,ки аз Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД чанд нафар ба олимпиадаи тобистонаи Лондон-2012 роҳхат гирифтаанд. Муовини вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Шералӣ Сабзов ба варзишгарони Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД Мавзуна Чориева, Парвиз Собиров ва Анвар Юнусов Сипоснома, рутбаҳои махсуси навбатӣ ва тӯҳфаҳои хотиравиро супорид. Бояд қайд кард, ки варзишгари дигари Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» Алишер Гулов низ роҳхат ба олимпиадаи тобистонаи Лондон-2012-ро ба даст оварда, дар айни замон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Корея қарор дорад. Ӯ низ бо Сипосномаи вазири корҳои дохилӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардид. Ҳар сол даҳҳо нафар варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат меварзанд ва соли 2011 онҳо соҳиби 307 медал, аз чумла 92 медали тилло, 88 медали нуқра ва 127 медали биринҷӣ гаштаанд.








Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид






