Афғонҳо дар Тоҷикистон табобат мегиранд

Июнь 13, 2012 09:19

Душанбе, 13 июн.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ҳукумати Олмон барои бунёди як кӯпрук дар болои дарёи Панҷ ба Хазинаи Оғохон беш аз 3 млн. доллар маблағ ҷудо намудааст. Тавассути кӯпруки нав ноҳияи Шӯроободи минтақаи Кӯлоб бо вулусволии Хоҳони Афғонистон пайваст мешавад.Бино ба иттилои муовини раиси ноҳияи Шӯрообод Давлат Файзимадов, корҳои сохтмонӣ дар доираи нақша амалӣ мешаванд. Аллакай дар ду тарафи соҳили дарёи Панҷ роҳи мошин тахту ҳамвор гардида, сутунҳои такягоҳӣ cимбандӣ мешаванд. Дар назар аст, ки сохтмони кӯпруки 162 метра то моҳи ноябр анҷом ёбад. Тибқи тавофуқномаи миёни Тоҷикистону Афғонистон ҳосилшуда, шаҳрвандони вулусволии Хоҳон барои табобат ба ноҳияи Шӯрообод оварда мешаванд, зеро ин наздиктарин роҳи интиқоли беморони афғон барои гирифтани табобат аст.То имрӯз садҳо шаҳрванди вулусволии мазкур баъди гирифтани табобат дар ноҳияи Шӯрообод ва шаҳри Кӯлоб ба ватан баргаштаанд.«Дари ҳамаи муассисаҳои мо, аз ҷумла муассисаҳои табобатӣ барои шаҳрвандони Афғонистони ҳамсоя, ки нияти неки ҳамсоягиро риоя мекунанд, боз аст»,- иброз дошт муовини раиси ноҳия Д. Файзимадов.

Июнь 13, 2012 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд