Ду зилзила дар як рўз
Душанбе, 11 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-11 июн соати 10.02 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар Тоҷикистон зилзила ба амал омад. Аз Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки зилзила дар масофаи 440 километрии қисмати ҷанубу шарқии шаҳри Душанбе, дар қаламрави Афғонистон ба амал омад. Қувваи зилзила дар марказаш 6-7 балро ташкил дода, дар Душанбе қувваи ларзиши замин 2 бал буд. Ҳамчунин баъди 28 дақиқа –соати 10.30 дақиқаи 11 июн ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Тоҷикистон зилзилаи дуюм ба қайд гирифта шуд, ки маркази он дар масофаи 319 км қисмати ҷанубу шарқии Душанбе, дар қаламрави Афғонистон воқеъ буда, шиддатнокии ларзиши замин дар марказаш 4-5 бал, дар Душанбе 2-3 бал ва дар Хоруғ 2, 5 балро ташкил дод.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






