Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ

Июнь 12, 2012 15:47

Душанбе, 12 июн. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дастгирии иҷтимоии оилаҳои ниёзманд, ки аз паҳлӯҳои умдаи сиёсати ҳукумату давлат ва бахши муҳими фаъолияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ маҳсуб меёбад, чанд сол инҷониб ба ҳукми анъана даромадааст. Кумита 8 июни соли равон дар остонаи 15-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Тавилдара хатнасури 26 нафар кӯдакро аз оилаҳои камбизоат доир намуд.  Дар чорабинӣ, ки барномаи фарҳангию фароғатиро бо густурдани дастархони идона ва дастрасии маводи мавриди ниёз фаро мегирифт, раиси ноҳия Ҳимматшоҳ Ғайратов ва мудири бахши тарбияи ватанпарастӣ ва кор бо толибилмони кумита Иброҳим Мирзоев иштирок намуда, аз иқдоми роҳбарияти ҳукумату давлат дар ин самт ёдовар шуда, аз ҳозирин, бахусус насли наврасу ҷавон даъват ба амал оварданд, ки ҳамеша барои доштани муҳаббату эҳтиром ба насли калонсол ва арҷ гузоштан ба арзишҳои милливу эҳсоси баланди ватандорӣ талош кунанд.

Июнь 12, 2012 15:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
«МегаФон Тоҷикистон» шабакаро ба суръатҳои нави гигабитӣ омода менамояд
Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Пенза ҳамоиш доир шуд
«ИСТИҚЛОЛ-НЕЪМАТИ БЕБАҲО». Дар ин мавзуъ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ конференсияи илмӣ доир гардид
Донорҳо аз Бунёди Lives & Livelihoods дастовардҳо дар соҳаи ҳифзи саломатии модар ва кӯдакро дар Тоҷикистон таҷлил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Истиқлоли давлатӣ — асоси хушбахтӣ ва рушди давлатдории миллӣ
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Нақши занони тоҷик дар таҳкими давлатдории миллӣ назаррас аст
Дар остонаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ ҳашари экологии «Тозагии соҳил» гузаронида шуд