Имзои ду созишнома миёни «Амонатбонк» ва Бонки давлатии рушди Чин

Июнь 6, 2012 09:43

 Душанбе, 6 июн. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Идораи Бонки давлатии рушди Чин ЧЕН ЮАН-ро ба ҳузур пазируфт.
Зимни баррасии ҳамкории мутақобилан судманди ду ҷониб ба нақши ин бонк дар густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон, хусусан дар доираи Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай баҳои баланд дода шуд. Аз муҳтавои ҳамкории Бонки давлатии рушди Чин бо Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» изҳори қаноатмандӣ карда шуд. «Натиҷаҳои дастгирии Бонки давлатии рушди Чин аз соҳибкории хурду миёнаи Тоҷикистон, хусусан дар соҳаи кишоварзӣ ва ташвиқи ҳунармандии занону духтарони деҳот, боиси хушнудӣ аст», — изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон. ЧЕН ЮАН изҳор дошт, ки ҳамкории аз ҳама босамари Бонки давлатии рушди Чин дар минтақаи Осиёи Марказӣ бо Тоҷикистон ба назар мерасад. Бо ёдоварӣ аз ҳаҷми гардиши моли миёни Тоҷикистону Чин, ки соли 2011 бори аввал аз 2 миллиард доллари амрикоӣ гузашт, изҳори боварӣ карда шуд, ки солҳои наздик ин нишондод боз 2 баробар афзоиш меёбад.  Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба зарурати таҳия ва қабули стратегияи дарозмуддати ҳамкории ин бонк бо Тоҷикистон, маблағгузории бунёди нерӯгоҳҳои хурду миёнаи барқӣ, омодасозии кадрҳои қавии соҳаи молия ва бонкдорӣ сурат гирифт. Баъди анҷоми мулоқот миёни Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» ва Бонки давлатии рушди Чин 2 санад доир ба ҳамкорӣ барои рушди деҳот ва омодасозии кадрҳои соҳаи молия ва бонкдорӣ ба имзо расид.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Июнь 6, 2012 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд