Имзои ду созишнома миёни «Амонатбонк» ва Бонки давлатии рушди Чин
Душанбе, 6 июн. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Идораи Бонки давлатии рушди Чин ЧЕН ЮАН-ро ба ҳузур пазируфт.
Зимни баррасии ҳамкории мутақобилан судманди ду ҷониб ба нақши ин бонк дар густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон, хусусан дар доираи Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай баҳои баланд дода шуд. Аз муҳтавои ҳамкории Бонки давлатии рушди Чин бо Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» изҳори қаноатмандӣ карда шуд. «Натиҷаҳои дастгирии Бонки давлатии рушди Чин аз соҳибкории хурду миёнаи Тоҷикистон, хусусан дар соҳаи кишоварзӣ ва ташвиқи ҳунармандии занону духтарони деҳот, боиси хушнудӣ аст», — изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон. ЧЕН ЮАН изҳор дошт, ки ҳамкории аз ҳама босамари Бонки давлатии рушди Чин дар минтақаи Осиёи Марказӣ бо Тоҷикистон ба назар мерасад. Бо ёдоварӣ аз ҳаҷми гардиши моли миёни Тоҷикистону Чин, ки соли 2011 бори аввал аз 2 миллиард доллари амрикоӣ гузашт, изҳори боварӣ карда шуд, ки солҳои наздик ин нишондод боз 2 баробар афзоиш меёбад. Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба зарурати таҳия ва қабули стратегияи дарозмуддати ҳамкории ин бонк бо Тоҷикистон, маблағгузории бунёди нерӯгоҳҳои хурду миёнаи барқӣ, омодасозии кадрҳои қавии соҳаи молия ва бонкдорӣ сурат гирифт. Баъди анҷоми мулоқот миёни Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» ва Бонки давлатии рушди Чин 2 санад доир ба ҳамкорӣ барои рушди деҳот ва омодасозии кадрҳои соҳаи молия ва бонкдорӣ ба имзо расид.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






