Иштироки Ш.Саид дар ҷаласаи Шӯрои тиҷоратии СҲШ

Июнь 6, 2012 10:58

Душанбе, 6 июн. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – 5 июн дар шаҳри Пекин ҷаласаи Шӯрои тиҷоратии Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Раиси ПСС ҶТ Шариф Саид, ки раиси бахши миллии Шӯрои тиҷоратии СҲШ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, дар кори он иштирок намуд. Дар ҷаласа ҳамчунин раисони шӯроҳои миллии тиҷоратии кишварҳои аъзои СҲШ ширкат доштанд.Тавре ки аз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Шариф Саид дар ҷараёни ҷаласа зикр намуд, ки имконияти зиёди ҳамкории мутақобила бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон вуҷуд дорад. Мо бо истифода аз равобити чандинасра ва муносибатҳои ҳамсоягии нек бояд барои рушду густариш ёфтани ҳамкориамон ҳамаи чораҳоро бинем.Шариф Саид аз аъзои Шӯрои тиҷоратӣ хоҳиш намуд, ки ба масъалаҳои муҳоҷират таваҷҷӯҳи хоса диҳанд. «Ин бахш яке аз соҳаҳои асосии ҳамкории мо маҳсуб мешавад», — гуфт раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ.

Июнь 6, 2012 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд