Консерти дўстӣ дар Филармонияи давлатӣ

Июнь 6, 2012 10:12

Душанбе, 6 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ба ифтихори 20-умин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея шоми имрўз дар бинои Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷўраев барномаи консертӣ бо иштироки ҳунармандони ҳар ду кишвар баргузор мегардад.  Чорабинӣ бо ибтикори Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Корея, Хазинаи Корея ва Ҷамъияти дўстии Тоҷикистону Корея созмон дода шуда, дар он беҳтарин дастаҳои ҳунарӣ ва овозхонҳои тоҷику куриёӣ ширкат намуда, дастагули мусиқӣ, суруду тарона ва рақсҳои миллию анъанавиро пешкаши тамошобинон мегардонанд.Аз ҷамъияти дўстии Тоҷикистону Корея ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар барномаи идонаи консертӣ ҳунарнамоии навозандагону сарояндагон ва раққосони Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷўраев, инчунин дастаҳои созию овозӣ ва рақсии Корея, ки бо номҳои «Проект Корея» ва «Силгидунг» маъмуланд, ҳунарнамоӣ мекунанд. Мавриди зикр аст, ки дастаи ҳунарии «Силгидунг» ҳунармандони касбию анъанавиро муттаҳид намуда, дар ташаккул ва таҷдиди мусиқии анъанавии куриёӣ нақши муассир мебозад. Мусиқиҳои «Силгидунг» бештар дар сериолҳои телевизионӣ, реклама, радио ва филмҳои ҳуҷҷатӣ мавриди истифода қарор мегирад. «Силгидунг» аз санаи таъсисаш 8 албом мунташир намуда, дар дохили Корея ва кишварҳои хориҷӣ 400 консерт ба намоиш гузоштааст.

Июнь 6, 2012 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд