«Лаку Пак» дар Бадахшон

Июнь 20, 2012 10:19

Душанбе, 20 июн. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Ду ҳафта боз Театри мусиқию мазҳакавии шаҳри Қӯрғонтеппа ба номи Ато Муҳаммадҷонов барномаҳои ҳунарии худро дар қаламрави Бадахшон ба тамошо мегузорад. Ҳунармандони ин театр бо намоишномаи ҳаҷвии «Лаку Пак», аз афсонаи машҳури «Лаку Пак» дар таҳияи Абдулҳафиз Қодирӣ ва Иброҳим Усмон баромад мекунанд.Коргардон ва ба саҳна гузорандаи намоишнома ҳунарпешаи маъруф Бурҳонидин Раҷабов аст.Нақшҳои асосии «Лаку Пак»-ро ҳунарпешагони маъруф Меҳринисо Ҳоҷибоева ва Аловуддин Абдуллоев иҷро мекунанд. Ёдовар мешавем, ки ин намоишнома моҳе қабл дар ҷашнвораи театрие, ки дар шаҳри Қурғонтеппа баргузор шуд, мақоми аввалро сазовор гардид.Аловуддин Абдуллоев дар сӯҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт: «Лаку Пак» намоишномаест, ки аз чандин унсур иборат аст. Дар он ҳам шеър ҳаст, ҳам мусиқӣ, ҳам фолклор, ҳам рақс, ҳам пантомима (намоиши бесадо) ва ҳам пародия (тақлид).Сафари ҳунармандони ин театр ба водии Рашд низ дар назар аст.

Июнь 20, 2012 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд