Маҷмааи фароғатии соҳибкорони Суғд
Суғд, 6 июн. (АМИТ «Ховар», М.Амонов). – Бо иқдоми соҳибкорон Равзабону Неъматуллоева ва Абдурозиқ Шукуров дар шаҳри Хуҷанд маҷмааи хизматрасонию фароғатии «Боғи Ирам» бунёд гардид. Маркази хизматрасонию фароғатӣ имкон дорад дар як вақт то 300 нафар хоҳишмандро қабул намуда, ба онҳо хизмат расонад. Бунёди маҷмааи хизматрасонию фароғатии соҳибкорон барои 30 нафар ҷои кори доимӣ ва мавсимӣ фароҳам овард. Дар маросими ифтитоҳи марказ хатнасури 10 нафар кӯдаки 2 – 3 сола аз оилаҳои ниёзманд ва тӯйи арӯсии 1 ҷуфт ҷавон аз шаҳри Хуҷанд баргузор шуд. Мақсади асосии соҳибкорон обод намудани диёр, ба роҳ мондани хизматрасонии сатҳи баланд, фароҳам овардани ҷои кор барои шаҳрвандон аст.








Пагоҳ дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад






