Муҳокимаи донишҳои кормандони вазорат
Душанбе, 12 июн. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – 11 июн дар шаҳри Душанбе мулоқоти муовини аввали вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ ва Бунёди байналмилалии асъор бо сарварии роҳбари ҳайат Тихомир Штучка баргузор гардид. Тавре ки дар котиботи Вазорати молияи кишвар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Тихомир Штучка аз натиҷаи семинарҳои даҳрӯза ва машғулиятҳои амалии мутахассисони Сарраёсати қарзи давлатӣ ва дороии молиявии вазорат гузориш дода, сатҳи қобили қабули донишҳо ва малакаҳои амалии кормандони ин бахшро қайд намуд. Ҷамолиддин Нуралиев ба Тихомир Штучка барои кори дар вазорат иҷронамудааш изҳори миннатдорӣ карда, гуфт, ки ҳамкорӣ дар ин самт минбаъд ҳам рушду густариш хоҳад ёфт.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






