Мубодилаи таҷрибаи роҳбарони марказҳои таълимӣ
Душанбе, 19 июн. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Имрӯз, 19 июн, дар пойтахти Тоҷикистон дар заминаи барномаи Иттиҳоди Аврупо – Барномаи рушди СММ оид ба мусоидат ба назорати сарҳадҳо дар Осиёи Марказӣ семинари дурӯзаи минтақавии роҳбарону мушовирони марказҳои таълимии хадамоти сарҳадии Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Латвия оғоз ёфт.Иштирокдорони семинар аз таҷрибаи муносибатҳои инноватсионӣ дар таҳсилоти касбӣ ва таълими сарҳадбонон нақл карда, муовини роҳбари коллеҷи Хадамоти давлатии сарҳадии Латвия Андрис Аболинс аз таҷрибаи ҳамтоёни аврупоӣ дар бахши таълими сарҳадчиён гузориш медиҳад. Иштирокдорони семинар аз Омӯзишгоҳи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ ва Коллеҷи сарҳадии САҲА дидан мекунанд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






