Музоядаи рақамҳои дилхоҳи автомобилҳои сабукрав
Душанбе, 25 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ба иттилои Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 30-юми июни соли ҷорӣ музоядаи навбатии фурӯши рақамҳои «ҷолиб»-и автомобилҳои сабукрав баргузор мегардад. Дар музояда 169 рақами «ҷолиб», аз қабили АР01; АР10-01; 1100; 1212; 1221; 1300; 1331;1400; 1441; 2222; 3232; 4444; 5555; 6464; 6868; 0707, ҷамъ 166 рақамҳои чапу рости якхела ба фурӯш бароварда мешавад.Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин силсилаи рақамҳои АН 01-7070; 8800; 9900 пешкаши ҳаводоронашон гардонида мешавад. Дар музояда арзиши як лот 270 сомонӣ муайян гардида, сипас боло меравад. Оне соҳиби рақами пешниҳодшуда иегардад, ки дар эълони лоти охирин маблағи эълоншударо пардохт мекунад.Ёдовар мешавем, ки дар музоядаи қаблӣ як шаҳрвани Душанбе, ки ба кори тиҷорат машғул аст, бо пардохти 55 ҳазор сомонӣ рақами автомобилии 01-01АР(01)-ро харидорӣ намуд. Аз музоядаи аввалин, ки соли 2010 баргузор гардид то имрӯз садҳо шаҳрвандон бо рақамҳои автомобилии «ҷолиб» дар кӯчаҳои шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ гашту гард менамоянд, ки он диққати бинандаро ба худ ҷалб месозад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






