Нахустин ҷаласаи Кумитаи техникӣ оид ба сарфаҷӯии энергия
Душанбе, 28 июн. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ифтитоҳии Кумитаи техникӣ оид ба сарфаҷӯии энергия, самаранокии энергетикӣ ва энергоменеҷмент, ки бо супориши Ҳукумати мамлакат дар назди Агентии давлатии “Тоҷикстандарт» таъсис шудааст, баргузор гардид. Дар кори ҷаласа мутахассисони вазорату идораҳои дахлдор ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иштирок намуда, масъалаҳои ташкилӣ ва баррасии Низомномаи кумитаи мазкурро мавриди муҳокима қарор доданд. Тибқи Низомнома вазифаи асосии ин кумитаи навтаъсис аз густариши стандартикунонии давлатии соҳаи энергетика дар доираи вобасташудаи фаъолияти он, таъмини саривақтӣ ва босифати илмию техникии таҳияи стандартҳои давлатӣ, ки ҷавобгӯи истеҳсол, интиқол ва истифодаи энергия мебошад,иборат аст.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






