Помидори гармхонаҳои Сибир дар Бадахшон

Июнь 25, 2012 09:48

Хоруғ, 25 июн. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). – Мавзеи Челондеҳи Гармчашма яке аз беҳтарин истироҳатгоҳҳои вилоят ба шумор рафта, ҳамасола аз гӯшаю канори кишвар ва берун аз он мардум барои табобат ва истироҳат ба ин ҷо меоянд. Чашмаҳои гарми ин мавзеъ ба ҳазору сад дард давоанд. Агар чанд сол қабл истироҳаткунандагон дар фасли тобистон ҳам кабудию сабзавотро аз бозорҳои шаҳри Хоруғ ва Челондеҳ ба даст меоварданд, имрӯз дар назди ҳар бинои истироҳаткунандагон гармхонаҳо фаъолият доранд, ки дар онҳо тамоми фасли сол помидору бодиринг парвариш карда мешавад. Ба гуфтаи яке аз коргарони ин гармхонаҳо Савригул Мастонова, дар гармхонае, ки ӯ машғули кор аст, 5 намуди помидор ва 2 намуди бодиринг парвариш карда мешавад. Маҳсулоти гармхонаҳоро на танҳо истироҳаткунандагон, балки сокинони деҳоту роҳгузарони самти Қирғизистону Чин низ харидорӣ мекунанд.Масъулини гармхонаҳо тухмиро аз минтақаи Сибири Русия дастрас кардаанд, зеро иқлими он ба ҳавои Бадахшон мувофиқ аст. Дар Челондеҳ сабзавот дар чор фасли сол парвариш карда мешавад.

Июнь 25, 2012 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд