Вохӯрии вазири корҳои дохилии ҶТ бо сафири Британия
Душанбе, 22 июн. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов дирӯз, 21 июн бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Иттиҳодияи Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Робин Орд Смит мулоқот доир намуд. Бинобар иттилои сомонаи расмии ВКД, дар мулоқоти мазкур муовини Сафир ҷаноби Марк Вудхам низ иштирок намуд. Дар ҷараёни вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ ҷаноби Робин Орд Смитро ба муносибати ба вазифаи пурмаҳсули дипломатӣ, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Иттиҳодияи Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданаш табрик намуд. Инчунин Вазири корҳои дохилӣ доир ба фаъолияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, терроризм ва рафти ислоҳоти милитсия суханронӣ намуд. Дар хотима тарафайн аз вохӯрӣ изҳори қаноатмандӣ намуда қайд карданд, ки дар оянда ҳамкориҳоро вусъат хоҳанд дод.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






