2 июл — Рӯзи байналмилалии хабарнигори варзишӣ

Июль 2, 2012 16:28

Душанбе. 2 июл. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз хабарнигорони риштаи варзиши Тоҷикистон дар радифи ҳамкасбони хеш аз тамоми сайёра Рӯзи байналмилалии хабарнигори риштаи варзишро таҷлил менамоянд.   Нарзулло Латифов, раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки шурӯъ аз соли 1995 бо ташаббуси Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ 2-юми июл ҳамчун Рӯзи байналмилалии хабарнигори варзишӣ таҷлил мешавад. Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) ба узвияти Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ пазируфта шудааст. Ин тасмим дар Конгресси 74-уми Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ (АИПС), ки аз 22-юм то 27-уми марти соли 2011-ум дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ барпо гардид, гирифта шуд. Мавриди ёдоварист, ки АЖРВТ 25-уми январи соли 2001-ум дар шаҳри Душанбе конфронси муассисон таъсис ёфтааст. Ҳадафи аслии АЖРВТ рушди журналистикаи варзишӣ, тарғиби тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва тарзи ҳаёти солим мебошад.

Июль 2, 2012 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд