Анвар Умаров соҳиби шоҳҷоиза гардид

Июль 2, 2012 14:28

Кӯлоб, 2 июл. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Дар ноҳияи Мӯъминобод бахшида ба 15 – умин солгарди Ваҳдати миллӣ ва 100 – солагии шодравон Мирзоавлиё Олимов — аввалин чемпиони Осиёи Миёна ва Қазоқистон чорабинии ҷумҳуриявии «Гӯштини миллӣ» доир гардид. Мақсад аз гузаронидани ин чорабинӣ ҷалб кардани ҷавонон ба варзиш, инчунин ширкат варзидан дар дигар мусобиқаҳои варзишии берун аз ҷумҳурӣ мебошад. Дар ҷараёни мусобиқа паҳлавонони варзида, ки ба ҷойҳои 1,2 ва 3 – юм сарфароз гардиданд, ба мукофотҳои пулӣ, молӣ, медалҳои тилло, нуқра, биринҷӣ ва ифтихорномаҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ қадр карда шуданд. Барои дар сатҳи баланд гузаштани чорабинӣ аз ҷониби фарзандони шодравон Мирзоавлиё Олимов ва паҳлавони шинохтаи ҶТ Нурулло Лоиқов шоҳҷоиза — автомашинаи сабукрави тамғаи «Леганза» барои беҳтарин паҳлавон омода карда шуд. Шоҳҷоиза насиби паҳлавони варзида аз ноҳияи Балҷувон Анвар Умаров гардид.

Июль 2, 2012 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд