Аёмбеков Толиббек кист?
Душанбе, 31 июл. (АМИТ «Ховар»).-Дар воситаҳои ахбори омма (хусусан Интернет) маълумот дода мешавад, ки Аёмбеков Толиббек – собиқ қумандони саҳроии ИНОТ, сардори отряди сарҳадбонони ноҳияи Ишкошим, сардори дидбонгоҳи Ишкошим ва ғайраҳо буда, дар ин замина суханони ӯро оид ба ҳодисаҳои охири дар ВМКБ рухдода ба қалам меоранд. Аз суханони Аёмбеков Толиббек бармеояд, ки дар ҳодисаҳои охир танҳо мақомоти давлатӣ гунаҳгор мебошанд, вале дар ин ҷо саволе ба миён меояд, ки худи Аёмбеков Толиббек кист, ба чӣ касб машғул аст ва кадом ҳадафҳоро пайгирӣ дорад? Пас аз он, ки моҳи декабри соли 1994 дар маҳаллаи «Хлебзавод»-и ш.Хоруғ яке аз саркардагони гурӯҳи ҷинояткор – наркобарон Аёмбеков Абдулманон бо тахаллуси «Алёша Гарбун» аз тарафи шахсони номаълум бо роҳи тарконидан нобуд карда мешавад, ҷои ӯро фавран бародараш Аёмбеков Толиббек Абдураҳмонович ишғол намуда, худро сардори отряди «худмуҳофизати» маҳалла эълон карда, бо гурӯҳи ҷавонони маҳалла ва наздикони марҳум бародараш касби пешинаи оилавиашон – қочоқ, интиқол ва фурӯши маводи мухаддирро давом медиҳад, ки маблағи даромади асосии оилаи Аёмбековҳо ва гурӯҳи ҷиноятпешаи онҳо буд ва ба ҳисоб меравад. Аёмбеков Т.А. аз вазъияти ноором ва беқонуниятии вилоят истифода бурда, даст ба ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин зада, бо роҳи таҳдид ва фишор чандин муассиса ва корхонаҳои давлатиро, аз ҷумла заводи нон, ҳаммом, мағозаҳо, сехҳои гуногунро зери таъсири худ дароварда, дар охирҳои солҳои 90-ум ва аввалҳои 2000-ум ин объектҳоро ба номи хешу табораш бо нархи ночиз хусусӣ намуда, бо номи «Қумандон», «Наркабарон»-и худ, инчунин тахаллуси «Сармоядор»-ро илова намуд. Аз сабаби он, ки дар ш.Хоруғ қариб, ки дар ҳар маҳаллаҳояш гурӯҳи яроқноки бо номи «худмуҳофизатӣ» амал мекард ва барои манфиати дохилӣ байнашон низоъ ба амал меомад, Аёмбеков Т. қисми маблағи даромадашро барои хариди яроқ ва нигоҳ доштани аъзои гурӯҳаш истифода мебурд, ки дар натиҷа аз гурӯҳи «худмуҳофизат» ба гурӯҳи муташаккили яроқноки ғайриқонунӣ мубаддал гашт. Ҳаминро қайд кардан лозим аст, ки Аёмбеков Т. ва гурӯҳи яроқноки ӯ дар ягон муқовимати сиёсӣ-ҳарбӣ аз ҷониби ИНОТ бар зидди қувваҳои ҳукуматӣ то рӯзи Ваҳдати Миллӣ ва барқарори сулҳ иштирок накардааст ва аз ин лиҳоз қумандони саҳроӣ номидани ӯ ҷоиз нест. Ин мартабаро вай барои рӯйпӯш кардани кирдорҳои ҷинояткоронааш истифода бурда истодааст. Пас аз барқароршавии сулҳ ва Ваҳдати Миллӣ Аёмбеков Т. аъзоёни гурӯҳи худро ба рӯихати размандагони ИНОТ дохил намуда, худро ҳамчун қумандони ин гурӯҳ муаррифӣ намудааст. Дар асоси Протоколи созиши байни Ҳукумат ва мухолифин бояд нерӯҳои низомии мухолифин ба ҷузъу томҳои ҳукуматӣ шомил шуда, яроқу аслиҳаи дар ихтиёрашон бударо ба қайди давлатӣ гирифта, ба воҳидҳои ҳарбӣ месупориданд. Аммо Аёмбеков Т. бо мақсади давом додани кирдори ҷинояткоронааш ва нигоҳ доштани дастаи худ яроқу аслиҳаи худро насупорида, бо худ ғайриқонунӣ нигоҳ медорад. Аёмбеков Т. дар асоси Протоколи созиш ба ҳайси афсари Кумитаи давлатии сарҳадбонони ҷумҳурӣ бо рутбаи подполковник ба вазифаи масъул таъин карда мешавад. Аёмбеков Т. чандин нафар аъзои дастаашро ба мақомоти Кумитаи сарҳадбонон шомил карда, ба ҷои хизмати софдилона ба Ватан ва пос доштани рутба бо сӯистифода аз мансаби хизматӣ ба қочоқи маводи мухаддир ва фурӯши он ба таври кушоду равшан оғоз намуд. Ғайр аз ин Аёмбеков Т. аз фаъолияти корхонаи нон, ҳаммом ва мағозаҳояш ба давлат андоз ва ба мақомоти дахлдор арзиши истифодаи қувваи барқ ва хизмати коммуналиро насупорида, бо роҳи таҳдиди намояндагони мақомоти марбута аз пардохти онҳо саркашӣ менамояд ва ин кирдорҳои ӯ то ба ҳол идома дорад. Аз вазъияти баамаломада, набудани муқовимати лозима аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоятӣ ва шаҳрӣ, ки дар он давра хеле заиф буданд, Аёмбеков Т. истифода бурда, бо гурӯҳи ҷиноятпешаи худ ба фаъолияти мақомоти давлатӣ, аз ҷумла ҳифзи ҳуқуқ дахолати бевосита карда, бо роҳи истифодаи таҳдид, зӯрӣ ва тӯҳмат ҳадафҳои худро пайгирӣ намуда, худро ҳамчун «ҳимоятгари» халқ нишон медод. Аммо дар асл аз хешу ақрабои шахсони ҷиноятсодиркарда бо баҳонаи ба кормандони давлатӣ барои аз ҷавобгарӣ озод намудани ҷинояткорон маблағҳои муайян гирифта, дар асл ин маблағро ба манфиати худаш сарф намуда, роҳи таҳдид ва фишорро нисбат ба мақомоти давлатӣ пеш мегирифт. Шахсони мансабдори давлатиро, ки ба талаботи ӯ муқобил мебаромаданд, бо роҳи тӯҳмат ва шӯр андохтани ҷавонони шаҳр ба муросо кардан ба хадафҳои нопоки худ моил мекард. Худи ӯ ва аъзои гурӯҳаш ба муқобили кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҷиноят содир карда, аз тарафи дигар ҷабрдидаро тӯҳмату бӯҳтон намуда, баҳри раҳоӣ ёфтан аз ҷавобгарӣ ҷавононро ба тазоҳурот бармехезонид. Ба таври мухтасар оид ба баъзе ҷиноятҳои содиркардаи гурӯҳи Аёмбеков Т. барои мутоила ба хонандагон пешниҳод карда мешавад:- 23 июли соли 2006 аъзои гурӯҳи чинояткори Аёмбеков Т., Одилов Г., ва дигарон, тахминан 20 нафар ва аъзои гурӯҳи ҷинояткори Мамадбоқиров М., тахминан 5-6 нафар дар сероҳаи кӯчаи марказии ш.Хоруғ бо истифодаи яроки оташфишон бо дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ба сӯи ҳамдигар тирпарронӣ намуданд, ки дар натиҷа аз тири яроқи онҳо шаҳрванд Додихудоева М.А., ки дар роҳи пиёдагард мерафт, захмӣ шуда, дар ҷои ҳодиса ҳалок мегардад. — 17 май соли 2006 соати 16 як гурӯҳ кормандони РКД-и ВМКБ ва ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгир кардани Мамадбоқиров М., ки расман дар кофтуков қарор дошт, ба маҳаллаи Хоруғи болои ш.Хоруғ рафтанд. Аз ин амалиёт огаҳ гашта, Мамадбоқиров М.К., Аёмбеков Т., Маҳмадсаламов Ё. бо аъзои гурӯҳи худ ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ муқовимат нишон дода, бо яроқи оташфишони ғайриқонунӣ бо худ дошта, ба тарафи онҳо оташ кушода, чанд нафар корманди милитсияро захмӣ менамоянд ва кормандони милитсияро беяроқ гардонида, автомашинаи хизматии онҳоро хароб месозанд.Пас аз он гурӯҳҳои номбурда бо моил кардани ноболиғону ҷавонон ба маркази шаҳр омада, бетартибиҳои оммавиро ташкил медиҳанд, ки дар натиҷа биноҳои маъмурии РКД ва мақомоти маҳаллии ҳокимиятро хароб менамояд. — 14 марти соли 2008 Аёмбеков Т. бо дастаи мусаллаҳи устувори худ дар ҳайати Лашкаров М., Ҷумъахонов Ш., Аёмбеков О. ва дигарон, тахминан 25-30 нафар дар қишлоқи Парзучи н.Роштқалъа ба автомашинаи хизматии кормандони прокуратураи ВМКБ ҳуҷуми мусаллаҳона намуда, муовини аввали прокурори вилоят Гуломалиев Ё.А. ва кормандони прокуратура Назиров Ф. ва Булбулшоев А.-ро лату кӯб намуда, яроқи хизматии тамғаи АКМ ва телефони мобилии онҳоро тасарруф намуда, автомашинаи хизматиро корношоям менамоянд. Ғайр аз ин, онҳо ба ШКД-и н.Роштқалъа омада, кормандони прокуратура Додохонов М. ва Давлатов З.-ро лату кӯб намуда, аз онҳо маводи санҷишии маъмуриро гирифта медарронанд. Бояд қайд кард, ки ҳар дафъаи баъди содиршавии ҷиноят гурӯҳи Аёмбеков Т. барои раҳоӣ ёфтан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ нисбат ба мақомоти давлатӣ тӯҳмату бӯҳтон паҳн карда, ҷавонон ва аъзои гурӯҳи ҷинояткори дигар маҳаллаҳоро ба гирдиҳамоӣ даъват карда, мардумро ба шӯр меандохт.Баъди он, ки аз соли 2007-ум муқовимати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ин гурӯҳҳо бештар шуд, онҳо байни якдигар забон як карда, иттиҳодияи ҷиноятии муташаккилро, ки дар он аъзои гурӯҳи Аёмбеков Т., Имомназаров И., Мамадбоқиров М., Шомусаламов Ё. ва дигар гурӯҳҳо дохил мешуданд, ташкил карданд ва якҷоя дар ҳолатҳои лозимӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва иҷроия муқовимат мекарданд. Ин гурӯҳи ҷинояткор ба қочоқ ва гардиши маводи мухаддир, сангҳои қимматбаҳо, машруботи спиртӣ, тамоку, металлҳои сиёҳ ва ранга, интиқол ва фурӯши автомашинаҳои сабукрави аз дигар давлатҳо дуздидашуда машғул гашта, бо истифода аз яроқи оташфишон мақомотеро, ки ин амали ғайриқонунии онҳоро мехост пешгирӣ кунад, зери фишор ва таъқиб қарор медоданд.Бар замми ин солҳои охир дар вилоят дуздидани духтарони ноболиғ (16-сола) ба назар мерасад, ки то ҳол 4 ҳолати ғайб задани духтарон, аз ҷумла ду нафар ноболиғ ба қайд гирифта шуда, як ҳолати он новобаста аз иродаи ҷинояткорон аз лаби дарёи Панҷ, ки мақсади ба он тараф гузаронидани онро доштанд, бо роҳи гурехтан ва пинҳон шудани духтарони ноболиғ ба охир расонида намешавад. Се ҳолати дигари дуздии духтарон маҳз бо таъсири ин гурӯҳҳои ҷинояткор кушода намешаванд ва аз ҷониби ин гурӯҳҳои ҷинояткор содир шудани онҳо аз эҳтимол дур нест.Аёмбеков Т. ва ҳаммаслаконаш аз эродҳои чандинкарата хулоса набароварда, аз беҷазо монданашон илҳом гирифта, ҷиноятҳои аз пештар мудҳиштареро содир карданд.21 июли соли 2012 тахминан соати 17.30 дақиқа дар маҳаллаи Ниводаки ш.Хоруғи ВМКБ гурӯҳи маташаккили ҷинояткорони силоҳбадаст иборат аз 15-20 нафар, ки таҳти сарварии Аёмбеков Толиббек Абдураҳмонович мебошанд, ба автомашинаи хизматии сардори Раёсати КДАМ дар ВМКБ Назаров Абдулло Сайдуллоевич ҳуҷум намуда, бо истифода аз яроқи сард Назаров А.С.-ро бо расонидани ҷароҳатҳои зиёд дар қисми косахонаи сар ва қафаси сина, ба таври ваҳшиёна ба ҳалокат расонида, дигар кормандони раёсати КДАМ дар ВМКБ Аюбов И.О., Раҷабов С.Х., Ҳусейнов И.С. ва ронанда Давлатбеков Ш.-ро лату кӯб намуда, се адад яроқи оташфишон, як адад автомати тамғаи АК С-74 ва ду адад таппончаи тамғаи Макаров ва молу амволи Назаров А.С.-ро тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб мезананд.Аз рӯи маълумоти дастрасшуда сабаби асосии аз тарафи Аёмбеков Т. ва гурӯҳи ҷиноятпешаи ӯ содир намудани ин ҷинояти махсусан вазнин дар он мебошад, ки қаблан 06.06.с.2012 аз тарафи мақомоти амнияти кишвар дар минтақаи Кӯлоб автомашинаи тамғаи КАМАЗ р/д 01-63АМ 01 боздошт мешавад ва аз дохили он 539 қуттӣ тамокуи тамғаи « PАIN» ба маблағи 674850 сомонӣ ва як адад сари гӯсфанди «Марка-Пола» пайдо карда мешавад, ки бе ягон ҳуҷҷати дахлдор оид ба истеҳсол ва барасмиятдарории гумрукӣ ва бе пардохтҳои гумрукӣ ва андоз ба маблағи 266456 сомонӣ (ё 141639 доллари ИМА) ба шаҳри Душанбе интиқол дода мешуд.Ин тамокуи ба таври қоҷоқ фиристодашуда ба Айёмбеков Т.. ки солҳои охир бо истифодаи мақоми хизматиаш (то рӯзҳои охир Аёмбеков Т. дар вазифаи ҷонишини сардори штаби қисми низомии сарҳадбонони ноҳияи Ишкошим кор мекард) ба воситаи дидбонгоҳи гумрукии ноҳияи Ишкошим ба қочоқи тамоку машғул буд ва даромади калон ба даст меовард, тааллуқ дошт. Аз рӯи далелҳои аниқ ҳар моҳ Аёмбеков Т. бо гурӯҳаш се автомашинаи «КАМАЗ» тамокуи «PАIN» аз дидбонгоҳи н.Ишкошим ба таври қочоқ гузаронида, ба ш.Душанбе барои фурӯш мефиристод.Аёмбеков Т., ки аз боздошти ин қочоқи навбатиаш хисороти калон медид, аз сардори Раёсати КДАМ дар ВМКБ Назаров А. С. гумонбар шуд, ки гӯё бо маълумот ва дахолати охирин моли ӯ дастгир шудааст. Як ҳафта аз ин пеш байни Аёмбеков Т. ва Назаров А. дар бозори назди сарҳади н.Ишкошим дар ҳамин масъала муноқиша мешавад.Ин дафъа ҳам Аёмбеков Т. бо усули пешинааш амал карда, генерал-майор Назаров А.-ро гунаҳгор донистааст, ки гӯё сабаби марги ӯ дар натиҷаи муноқиша бо ҷавонони ширакайф дар ҳолати мастӣ ба болои санг афтида ҳалок шуданаш бошад. Маркази ахбори Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон