З. Холдорбекова: «Бекорӣ – омили афзоиши ҷиноят миёни ноболиғон»

Июль 27, 2012 14:10

Душанбе, 27 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).- Дар Тоҷикистон сатҳи ҷинояткорӣ, худкушӣ ва ғарқшавӣ дар байни ноболиғон рӯ ба афзоиш аст.  Тибқи маълумоти расмӣ дар нимсолаи аввали соли 2012 дар ҷумҳурӣ аз ҷониби ноболиғон 343 ҳолати ҷинояткорӣ сабт шудааст. Мувофиқи таҳлили коршиносон ҷиноятҳои содиршударо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ғоратгарӣ, авбошӣ бо истифода аз асбобҳои теғдор ташкил медиҳад.Оид ба сабабҳои асосии афзоиши ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон мухбири АМИТ «Ховар» бо муовини сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ҷавонон ва ноболиғони ВКД ҶТ, подполковники милитсия Зебуниссо Холдорбекова мусоҳиба анҷом дод, ки фушурдаи онро пешкаши хонандагон мегардонем.- Чанде пеш вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимов дар вохӯрӣ бо донишҷӯён аз афзудани сатҳи чинояткорӣ дар байни ҷавонон ва ноболиғон изҳори нигаронӣ карда буд. Ба андешаи шумо омилҳои асосии ин ҳолат дар чист?Дар ҳақиқат, имсол аз тарафи ноболиғон 64 ҷиноят нисбат ба соли гузашта зиёдтар ба қайд гирифта шудааст. Танҳо аз тарафи 2 ноболиғ зиёда аз 47 ҷиноят содир гаштааст, ки яке аз онҳо ҷавондухтар мебошад. Сабаби асосии рӯ ба афзоиш овардани сатҳи ҷинояткорӣ аз ҷониби ноболиғон, пеш аз ҳама дар он аст, ки тарбияи фарзанд аз мадди назари волидон дур мондааст, зеро бархе аз падару модарони оилаҳои нодор дар муҳоҷирати меҳнатӣ буда, бархе аз онҳо нисбат ба тарбияи фарзанд бемасъулиятӣ зоҳир менамоянд.Яке аз омилҳои дигар ин аст, ки дар ҷамъияти имрӯзаи мо вайроншавии оилаҳо хеле зиёд ба назар мерасад, ки дар натиҷаи он фарзандон аз тарбияи комил дур мемонанд. Тибқи маълумоти Вазорати адлияи ҶТ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ бекор кардани 4026 ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст. Ҳар як оила агар 3 -тоӣ фарзанд ҳам дошта бошад , бинед ки ин ба ҷамъият чӣ қадар зарар мерасонад. Ҳамаи ин омилҳо ба наврасону ноболиғон таъсири манфӣ мерасонад, зеро онҳо дар фазои оилаи носолим тарбия меёбанд. — Аз тарафи мақомоти шумо нисбат ба кӯдакони бепарастор, ки имрӯзҳо дар кӯчаву бозорҳо ҳастанд, чӣ тадбирҳо андешида мешаванд, то ки онҳо бероҳа нагарданд? -Албатта. аз тарафи хадамоти мо барои пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиҳати коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон бо истифода аз омилҳои ба он мусоидаткунанда корҳои назаррас анҷом дода мешаванд. Аз аввали сол мо дар кӯчаву бозорҳо ва мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ 873 маротиба рейд гузаронидем, ки дар натиҷаи нисбат ба 5068 нафар ноболиғ мавод тартиб дода шуд. Ҳамчунин дар ҷараёни рейдҳо 29 нафар муаллим ва 201 нафар падару модар, ки фарзандони худро беназорат гузоштаанд, муҷозот шуданд. 932 маводи дахлдор ба расмият дароварда шуда, ба Комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, комиссияи кор бо занон. Кумитаи кор бо ҷавонон, раёсати шӯъбаҳои маориф ва муассисаҳои таҳсилоти касбию техникӣ равон карда шуд. Албатта, бо як хадамоти мо пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ғайриимкон аст, бинобар ин мо тасмим гирифтем, ки бо ҳамаи ин мақомоти дахлдор дар ҳамбастагӣ кор намоем. Хуб мешуд, ки якҷоя як марказ ташкил диҳему тавассути он ба кӯдаконе, ки норасоӣ доранду аз ин сабаб ҷиноят содир мекунанд, ёрии иҷтимоӣ расонем.Дар ҷумҳурӣ аз соли 2009 инҷониб «Нақшаи амали миллӣ» тасдиқ шудааст , ки дар асоси он мо таҷрибаи кор бо ноболиғони кишварҳои пешрафтаро омӯхта, ният дорем онро дар ҷумҳурӣ роҳандозӣ намоем.Имрӯзҳо дар ин кишварҳо низоми адолат нисбат ба ноболиғон амал мекунад, ки мувофиқи он ноболиғон дарҳол ба ҷазои ҳабс ҷалб намешаванд. Ба андешаи онҳо, нигоҳ доштани ноболиғ дар маҳбас ӯро тарбия намекунад, баръакс рӯҳияи онҳо вайрон шуда, бисёре аз онҳо баъд аз озодшавӣ дубора ҷиноят содир мекунанд. Соли гузашта ба муносибати 20 –солагии Истиқлолияти ҷумҳурӣ 69 нафар ноболиғ авф шуд ва 50 % онҳо дубора ҷиноят содир карданд. Як миқдори онҳо ба ҳабс кашида шуда, нисбат ба аъмоли дигарон тафтишот идома дорад. -Ноболиғоне, ки боздошт мешаванд ва аз тарафи кормандони ҳифзи ҳуқуқ мавриди пурсиш қарор мегиранд, сабаби даст задан ба ҷиноят ва кӯчагардиашонро чӣ гунна арзёбӣ менамоянд? -Сабабҳо бисёранд, аммо сабаби асосиро онҳо аз бекорӣ арзёбӣ мекунанд, чунки дар айни ҳол ҷавонон ва наврасони мо ба ҳеҷ куҷо ҷалб карда намешаванд. Танҳо урдугоҳҳо (лагерҳо) ҳастанд, ки онҳо як давраи муайян доранд ва ба он ҷо ҳама имконияти рафтан надоранд. Дар мо имрӯз кори марказҳои фарҳангию маърифатӣ суст ба роҳ монда шудааст.Бархе аз ноболиғони ҷиноят содир намуда мегӯянд, ки онҳо аз нодорӣ ба ин кор даст задаанд, гушнаанд ва маҷбур барои як пора нон дуздӣ мекунанд. Аммо ман фикр мекунам, ки нодорӣ баҳона шуда наметавонад ва волидон ин баҳонаро пеш наоварда, бояд ба таълим ва тарбияи фарзандон таваҷҷӯҳи хосса зоҳир намоянд.- Имрӯзҳо дар матбуот зуд-зуд мавод дар бораи даст задани ноболиғон ба худкушӣ нашр мешавад. Мегуфтед , ки худкушӣ бештар дар кадом ҳолатҳо ва дар кадом минтақа рух медиҳад?-Бале, дар нимсолаи аввал 49 нафар ноболиғ даст ба худкушӣ задаанд, ки 25 нафарашро писар ва 24 нафарашро духтар ташкил медиҳад. Сабаҳои асосии даст задан ба худкушӣ- ин пеш аз ҳама касалиҳои рӯҳӣ ва пас аз он муноқишаҳои оилавӣ мебошанд. Ҳолатҳои худкушӣ бештар дар Суғд ва Хатлон дида мешаванд.-Яке аз масъалаҳои дигари ташвишовар- ин ғарқшавии ноболиғон мебошад, нибат ба ин масъала чӣ андеша доред?-Дар 6 моҳи соли ҷорӣ ғарқшавии 60 нафар ноболиғ ба қайд гирифта шудааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар байни ғарқшудагон кӯдакони 1-2 сола низ кам нестанд. Ин далелҳо нишон медиҳанд, ки падару модарон нисбат ба кӯдаконашон беаҳамиятӣ зоҳир мекунанд.Аз фурсат истифода бурда, хоҳиш менамоям, ки падару модарон кӯдаконашонро беназорат нагузоранд. Дар боби 8- уми Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» оид ба ӯхдадориҳои падару модар гуфта шудааст, ки «кӯдаки то 16 сола ба ҷойҳое , ки ба саломатии ӯ зарар дорад, бояд бе роҳбаладии шахси болиғ наравад». Аммо боиси таассуф аст, ки имрӯз кӯдакони мо худсарона дар ҷойҳое, ки шиноварӣ манъ аст, оббозӣ мекунанду ҷони худро ба хатар меандозанд.

Июль 27, 2012 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Варзоб оид ба истифодаи самараноки неруи барқ вохӯрӣ доир шуд
Қариб 90 ҳазор ронандагон маблағи истифодаи роҳи Душанбе-Чанокро ғайринақдӣ пардохт менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо сарбозони Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Хонандагони ноҳияи Ҳамадонӣ барои гирифтани Стипендияи Раиси вилояти Хатлон омодагӣ мебинанд
Сарнишин аз Тоҷикистон дар фестивали байналмилалии парапланронӣ бо парчами давлатӣ парвоз анҷом дод
Дар қисматҳои баландкӯҳи ноҳияи Рашт кишти картошка идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Наваскарони қисми низомӣ дар ноҳияи Лахш савганди садоқат ба Ватан ёд намуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имсол дар Тоҷикистон чӣ қадар боғҳои нав бунёд гардиданд?
Дар шаҳри Норак ҳашари экологии «Тозагии обанбор» баргузор гардид